Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё дар Душанбе мегузарад


Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” аз 27-ум то 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, барои роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳонконг ва Тайван мубориза мебаранд. Ҳамагӣ шаш бозӣ барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол дастаҳои мунтахаби занонаи Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

27 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Тайван – Ҳонконг

17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

29 октябр (шанбе)

14:00 – Ҳонконг – Узбакистон

17:00 – Тоҷикистон – Тайван

Даври 3-юм

31 октябр (душанбе)

14:00 – Узбакистон – Тайван

17:00 – Ҳонконг – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG