Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

26 узви Иттифоқи нависандагонро хориҷ карданд


Мақомоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 26 узви, ба қавли онҳо, “тасодуфии” ин иттифоқро хориҷ карданд. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, рӯзи 16 сенябр гуфт, ин маърака ба поён нарасидааст ва феҳрист метавонад, ки аз ин тӯлонитар шавад.

Ӯ гуфт, дар пайи санҷиш Абдуҳалим Самадзода, Усмони Сабз, Самариддин Яқубов, Наргис, Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ, Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ, Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ, Маликаи Аваз, Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов хориҷ шудаанд.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст. Вай гуфт, адибон ва эҷодиёти онҳое, ки дар муддати ин панҷ сол ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, ҳатман маврди арзёбиву баррасӣ қарор мегиранд. Илова ба ин, раҳбарияти Иттифоқи нависандагон “мораторияи якунимсолаи” қабули аъзо ба ин созмони эҷодиро ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG