Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ССКА "Помир"-и Душанбе рӯзи 13 сентябр дар бозии даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ "Вахш"-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ҳисобро Акмал Сабуров дар дақиқаи 46-уми дидор боз кард. Голи дувумро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонд.

Баъди ғалаба бар "Вахш" дастаи ССКА “Помир” бо 20 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи дувум баромад. "Вахш" бо 17 имтиёз дар зинаи шашум мебошад.

"Истиқлол"-и Душанбе, ки дар 11 бозӣ 27 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвал қарор дорад. Зимнан, рӯзи 14 сентябр “Истиқлол” бо “Хайр”-и Ваҳдат рақобат мекунад. Ин бозии даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе соати 16:30 шуруъ мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 12-ум

ССКА «Помир» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Акмал Сабуров, 46 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 51 (2:0).

ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзохон, Сефаҳ Ҷек Нана, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов, Комрони Мирзонаҷот, Шодибек Ғаффоров (Комилҷон Ҷабборов, 79), Акмал Сабуров (Шарафҷон Солеҳов, 73), Андох Наполеон (Ориён Азизов, 85), Давронҷон Тухтасунов.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Ҷовидони Бобохон, Бахтиёр Қаландаров, Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Умарҷон Шарифов, Беҳрӯз Ниёзов, Нуъмонҷон Ҳакимов, Азим Муродов, Муҳаммадрофеъ Холов (Фазлиддин Насриддинзода, 78), Хайём Гургалиев (Валӣ Зарифов, 57).

Огоҳонида шуданд: Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Вахш»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Умедҷон Шарифов («Вахш»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Султон Қосимов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

13 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати дифои Тоҷикистон. 500 тамошобин.

14 сентябр (чоршанбе)

«Истиқлол» – «Хайр»

Оғози бозӣ - соати 16:30

Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

XS
SM
MD
LG