Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Ӯзбакистон метавонад ба Русия такя кунад


6 сентябр, Самарқанд
6 сентябр, Самарқанд

Президенти Русия Владимир Путин дар сафараш ба Самарқанд ба хотири зиёрати қабри президент Ислом Каримов гуфт, ки мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистон метавонанд ба Русия ба ҳайси як дӯсти бовафои худ такя кунанд. Вай гуфт, умедвор аст, “он чи ки президент Ислом Каримов бунёдашро гузошта буд, идома хоҳад ёфт. Вай гуфт, “мо аз ҷониби худ тамоми талошамонро ба хотири пешрафти дуҷониба ба харҷ медиҳем, мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистонро дастгирӣ мекунем. Метавонед ба кӯмаки мо ба таври комил ва ҳамаҷониба, ба ҳайси дӯстони худ такя кунед”, гуфт Путин дар мулоқот бо нахуствазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев.

Путин аз Каримов ситоиш кард ва гуфт, ки президенти Ӯзбакистон равобити миёни ду кишварро дар доираи ҳамкориҳои стратегӣ бунёд карда буд. Путин гуфт, ки Русия ҳамкориҳои мардумиву фарҳангиаш бо Ӯзбакистонро қадр мекунад.

Ислом Каримов рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Тошканд бар асари хунравии мағзӣ дар 78-солагӣ даргузашт. Субҳи 6 сентябр президенти Русия дар шаҳри Самарқанд қабри президенти Ӯзбакистон Ислом Каримовро зиёрат кард.

Баъди зиёрати қабри Каримов дар шаҳри Самарқанд, Путин ба ҳамсар ва духтари президенти Ӯзбакистон изҳори тасаллият кард. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки нахуст маросими гулгузорӣ дар сари қабри Каримов дар оромгоҳи назди мақбараи Шоҳи Зинда дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ва баъдан мошини Путин ба самти Қасри анҷуманҳо ҳаракат кард. Дар ин қароргоҳи президенти Ӯзбакистон дар шаҳри Самарқанд Путин бо хонум Татяна Каримова ва духтараш Лола Каримова-Тиллоева мулоқот ва ба онҳо изҳори тасаллияти худро баён кард. Хабаргузориҳои русӣ таъкид мекунанд, ки ин мулоқот бидуни ҳузури журналистон ҷараён гирифт.

Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр дар зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд дар оромгоҳе ба хок супурда шуд, ки авлодҳои ӯ дар ин қабристон гӯр карда шудаанд. Путин баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳои G20 дар Чин, ки рӯзи 5 сентябр хотима ёфт, ба Самарқанд парвоз кард. Путин даргузашти Каримовро “як талафоти азим” барои Ӯзбакистон хондааст. Путин гуфт, ки умедвор аст, ки раҳбарияти баъдии ин кишвари Осиёи Марказӣ тавони ҳифзи суботро хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG