Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби 16 соли зиндон барои "мафияи заминфурӯшӣ"


Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду муттаҳам, ки бо таҳияи санадҳои қалбакии фурӯши замин ба мардум дар Хуҷанд, ҳудуди ним миллион доллар фоида дида буданд, 16 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард. Дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар авоили ҳафтаи ҷорӣ айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати ду нафар -- директори Кумитаи заминсозӣ ва геодезии ҳукумати шаҳри Хуҷанд Хуршед Уматқулов ва Муин Мансуров, ки байни кормандони бахши заминсозӣ ва корафтодҳо миёнарав будааст, айб эълон кард. Ба иттилои додгоҳи шаҳри Хуҷанд, фардо, 26 август ҳукми ниҳоӣ дар нисбати ин афрод эълон хоҳад шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ дар нисбати ин афрод бар асоси шикояти даҳҳо тан аз ҷабрдидаҳо боз шуда ва мурофиаи додгоҳӣ дар нисбати ин қазия ҳанӯз дар моҳи июн оғоз шуда буд. Онҳо бо моддаи 247 қисми 2 банди ”б” (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) моддаи 340 (тақаллубкории санадҳо), моддаи 338 қисми 2 (заминфурӯшӣ) айбдор дониста мешаванд.

Ҳодисаи заминфурӯшӣ замоне ошкор шуд, ки Муин Мансуров -- миёнарав байни кормандони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд ва корафтодаҳо рӯзи 29-уми январи соли ҷорӣ ҳини гирифтани 2 ҳазор доллар аз яке аз корафтодаҳо, аз тарафи Раёсати корҳои дохилии вилоят дар пушти бинои СИЗО-и шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.

Тавре ҷабрдидаҳо мегӯянд, дар вақти тафтишот онҳоро бо чанд нафар аз масъулони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд рӯ ба рӯ карданд, ки он замон бо санадҳои дар компютер копишуда онҳоро фиреб дода, аз 7 то 14 ҳазор доллари онҳоро гирифтанд ва ба онҳо қитъаи замин надоданд.

Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст. Дар гузашта низ чандин тан аз масъулон дар манотиқи мухталифи кишвар ба ин иттиҳом боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG