Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар остонаи таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлоли кишвар тарҳи қонуни афвро ба порлумон пешниҳод кард. Шарҳи расмии ин тарҳ, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 август нашр кард, чунин аст:

“Дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан Қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳи озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбати доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:

-занон;

-ноболиғон;

-мардони аз синни 55 боло;

-маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;

-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;

-шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд;

-шаҳрвандони хориҷи.

Дар баробари ин шахсон, инчунин шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Дар лоиҳа аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст, ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истодаанд, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шуда бошанд ё ба дигар ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд низ пешниҳод гардидааст.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Инчунин, маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муҳлати таъингардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати онҳо то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонун пешбинигардида аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ин меъёр танҳо нисбати онҳое татбиқ намегардад, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро ба монанди ҷиноятҳои одамкушӣ (моддаи 104 Кодекси ҷиноят), таҷовуз ба номус (моддаи 138 Кодекси ҷиноятӣ), ҷиноятҳои ба терроризм ва экстремизм алоқаманд ва дигар ҷиноятҳоро содир намудаанд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидаҳо дар лоиҳа муқаррароте ҷой дорад, ки он нисбати шахсони ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намуда ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.

Дар лоиҳа на танҳо аз ҷазо ва адои ҷазо озод намудан пешбинӣ гардидаааст. Мутобиқи моддаи 6 лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсони дар моддаи 1 лоиҳа нишондодашуда, шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содирнамуда ва шахсони бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содирнамуда пешбини гардидааст.

Дар баробари озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷазо ва адои ҷазо лоиҳа инчунин кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро низ пешбинӣ менамояд. Мутобиқи моддаи 7 лоиҳа кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати шахсоне, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2, банди 6 моддаи 3 ва моддаи 4 қарор намегиранд, ба таври зайл пешбинӣ мгардидааст:

-ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум гардидаанд,- аз ду як ҳисса;

-ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум гардидаанд,- аз се як ҳисса;

-ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум карда шудаанд,-аз чор як ҳисса.

Тавре аз ҳолатҳои зикргардида бармеояд, доираи шахсоне, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бархурдор мегарданд, зиёд аст. Вале дар лоиҳа як қатор маҳдудиятҳое низ нишон дода шудаанд, ки татбиқи онро нисбати гуруҳи муайяни шахсон маҳдуд мегардонанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 8 доираи шахсоне, ки нисбати онҳо моддаи 7 лоиҳа татбиқ намегардад, нишон дода шудааст. Инҳо шахсоне мебошанд, ки бо моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 1301 , 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисми 4 моддаи 200, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад) моддаҳои 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) (ба истиснои занон ва ноболиғон) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд.

Ба ғайр аз ин нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан мувофиқи қонунҳо «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқ карда намешавад.

Дар моддаи 9 лоиҳа доираи шахсоне, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 қарор намегиранд, нишон дода шудааст. Моддаҳои зикргардида нисбати шахсоне (ба истиснои занон ва ноболиғон) татбиқ карда намешаванд, ки барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 1301, 1302, қисми 3 моддаи 131, қисми 3 моддаи 132, моддаҳои 137, 138, 139, 1431, қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, 193, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 195, 196, 199, қисми 3 ( ба истиснои банди «в») ва қисми 4 моддаи 200, қисми 3 (ба истиснои банди «б») ва қисми 4 моддаи 201, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисми 3 моддаи 212, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддаҳои 305-310, 313, қисми 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад) қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, 374, 375, моддаҳои 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардидаанд.

Инчунин нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки нисбати онҳо қаблан қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шуда, баъди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё адои ҷазо озод шуданашон то гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барҳам хӯрдани доғи судӣ боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти хавфнок ё махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир кардаанд, нисбати маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, амали моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.

Дар лоиҳаи пешниҳодгардида ба масъалаи занон ва ноболиғон диққати махсус дода шудааст. Доираи ҷиноятҳое, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро нисбати занон ва ноболиғон манъ намояд, маҳдуд нишон дода шуда, ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, 130, 1301, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 305-310, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд, моддаҳои 1 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.

Бояд зикр кард, ки амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад ва татбиқи он доғи судии шахсро намебардорад.

Дар лоиҳа инчунин номгуи мақомот ва муассисаҳое, ки иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи онҳо гузошта шудааст ва тартиби татбиқи он ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Қонуни мазкур аз тарафи мақомот ё муассисаҳое татбиқ карда мешавад, ки парванда ё мавод дар баррасии онҳо қарор дорад. Дар вақти баррасии мавод ё парванда оиди татбиқи авф дар судҳо иштироки прокурор ҳатмист. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои ислоҳии тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо ризоияти прокурор татбиқ мекунанд.

Шахсоне, ки мувофиқи Қонуни мазкур авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддие, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонидаанд, озод карда намешаванд.

Мутобиқи моддаи 20 лоиҳа мақомоти дахлдор вазифадоранд иҷрои Қонуни мазкурро дар давоми се моҳ таъмин намуда, баъди он дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.”

XS
SM
MD
LG