Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон мавҷгирҳоро аз марзи Афғонистон дур бурд (ВИДЕО)


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамаи мавҷгир ё антеннаҳоеро, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон насб шуда буданд, ба тарафи Тоҷикистон гардонда ва аз истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии кишвар тавассути гурӯҳҳои террористтиву ифротгаро ҷилавгирӣ кардааст. Масъулони Хадамоти алоқа рӯзи 3 август гуфтанд, ки ин амр ба хотири таъмини амният рӯи даст гирифта шудааст.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи онҳо, симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар дохили кишвар истифода хоҳанд шуд ва ҳеҷ кас дар қаламрави Афғонистон наметавонад аз хадамоти ин ширкатҳо истифода наммояд.

Ин дар ҳолест, ки то ин авохир шаҳрвандони Афғонистон ба роҳатӣ метавонистанд, аз хадамоти симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода кунанд.

Соли гузашта Хадамоти алоқа бо таъкид ба ноамниҳои ахир дар шимоли Афғонистон аз ширкатҳои мобилӣ хоста буд, ки фиристандаҳои худро дарунтар биоранд, то ҷангиён аз мавҷи онҳо истифода накунанд. Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфта буд, ки ширкатҳои Babilon, Tcell ва Билайн дар навоҳии марзии вилояти Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб барои сокинон фиристандаҳои худро насб кардаанд ва садҳо симкорт аз ҷониби сокинон мавриди истифода қарор дорад.

Тафсилот ба зудӣ нашр мешавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG