Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла дар ҷашни миллии Фаронса 80 кушта барҷой гузошт. ВИДЕО


Як мошини борбар дар шаҳри Ниси Фаронса ҳангоми таҷлил аз ҷашни миллии он кишвар – “Рӯзи ишғоли Бастилия” – ба гуруҳи сокинон бархӯрда ва баъдан нафари силоҳдор ба тарафи мардум тир кушодааст.

Вазири корҳои дохилии Фаронса гуфт, дар пайи ин ҳодиса, ки шаби 14 июл иттифоқ уфтод, ба камияш 80 нафар кушта шудаанд. Ба иттилои ӯ, дар ҳоли ҳозир вазъи ҳаждаҳ нафар аз маҷруҳон низ вахим аст.

Франсуа Олланд – раисиҷумҳури Фаронса – бо нимкора гузоштани сафари худ ба ҷануби ин кишвар ба Порис баргашта ва дар ҷаласаи изтирории Вазорати корҳои дохилӣ иштирок кардааст. Олланд бомдоди 15 июл дар як барномаи телевизионӣ гуфт, ончи дар шаҳри Нис рух дод, “як ҳамлаи террористӣ буд ва наметавон онро инкор кард”.

Раисиҷумҳури Фаронса таъкид кард, “бояд бидуни ҳаргуна заъф нишон диҳем, ки комилан ҳушёр ҳастем” ва афзуд, “Фаронса амалиёти низомии худро алайҳи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ташдид хоҳад бахшид.”

Мақомот мегӯянд, ки пулис ронандаро ҳадафти тир қарор додааст. Ин мошин тақрибан ду километр аз хиёбоне ҳаракат мекард ва одамонро зер мекард, ки дар он намоишҳои ҷашнӣ идома дошт. Ин ронанда ҳамзамон ба сӯи одамон тир холӣ мекард. Кристиан Эстросӣ, шаҳрдори Нис гуфт, баъд аз кушта шудани ронанда аз мошин норинҷакандоз ва аслиҳа пайдо шудааст. Баъзе одамон аз тири силоҳ кушта шудаанд.

Эстросӣ дар Твиттери худ навиштааст, “ин хеле фоҷеаи даҳшатовар дар таърихи шаҳри мо мебошад. Ин саҳнаи даҳшат буд”. Эрик Сиоттӣ, узви парлумони маҳаллӣ ба матбуоти Фаронса гуфт, “пеш аз он, ки пулис мошинро нигоҳ дорад, мошин чандсад нафарро пахш кард.”

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки шумораи кушташудагон ба 84 нафар расидааст ва даҳҳо нафар ё то сад нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Баъд аз чанд соати ҳамла даҳҳо ҷасад дар замин мехобид ва рӯи онҳо матои сафед пӯшонда буданд. Додситонии Порис барои расидагӣ ба ин ҳамла чун ба ҳамлаи террористӣ парванда боз кардааст. Ҳеҷ гурӯҳе низ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Нишонаҳои ҳамлаҳои баъдӣ ё ҳамлаҳои дигар мушоҳида нашудааст. Бо вуҷуди ин ба сокинон машварат додаанд, ки аз хонаҳояшон берун наоянд.

Шахсияти ронанда ба таври ошкоро маълум нашудааст, вале гузоришҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аз ин мошин як ҳуҷҷат пайдо шудааст ва он ба марди 31-солаи туниситабори шаҳрванди Фаронса тааллуқ дорад. Бовар меравад, ки ҳамин мард созмондиҳандаи ин ҳамла мебошад. Вале аз вай ном бурда намешавад.

Моҳи ноябри соли гузашта чанд гурӯҳи силоҳбадаст ба сурати алоҳида ба чанд минтақаи Порис ҳамла карда буданд. Яке аз ҳамлаҳо дар наздикии варзишгоҳи Порис ҳангоми бозии тимҳои футболи Фаронсаву Олмон сурат гирифт. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олландро, ки дар варзишгоҳ буд, баъди баланд шудани садои таркишҳо, аз варзишгоҳ берун бароварданд.

Дар пайи ин ҳамлаҳои хунин 130 нафар кушта ва беш аз 350 тан захмӣ шуданд ва баъдан гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияташро “ба гардан гирифт”.

XS
SM
MD
LG