Пайвандҳои дастрасӣ

Мариам Шерман, иҷрокунандаи вазирифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 июл дар Душанбе дурнамои нирӯгоҳи барқи обии Норакро баррасӣ кардааст. Дар сомонаи президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар мулоқоти рӯзи панҷшанбе арзёбиҳои иқтисодию техникии барқарорсозии тарҳи НБО-и Норак ва роҳҳои пайдо кардани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии он матраҳ шудааст.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Мариам Шерман

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Мариам Шерман

Ду рӯзе қабл, дар мулоқоти Ранҷит Ламек, масъули бахши энержии Бонки Ҷаҳонӣ бо Абдусалом Қурбониён, вазири молияи ин кишвар низ асосан ҷараёни омодагӣ ва татбиқи сармоягузории Лоиҳаи бозсозии неругоҳи барқи обии Норак баррасӣ шуда буд.

Наврӯза Алиқулова, корманди бахши иттилооти дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе, 14 июл ба Озодӣ гуфт, ки ҳайатҳои ин бонк бо ҳазинаи умумии ин лоиҳа ва манбаъҳои маблағгузорӣ ба он ошно шуда ва пас аз арзёбии ҷиддӣ саҳми худро дар татбиқи ин лоиҳа эълон хоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки дар назар аст, дар аввалҳои ҳафтаи оянда арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди худи лоиҳаи бозсозӣ ва мизони сармоягузории ин бонк барои татбиқи лоиҳаи мазкур эълон шавад.

Бар асоси ҳисобҳои қаблии Вазорати молияи Тоҷикистон, барои тармиму бозсозии 9 чархаи неругоҳи Норак беш аз 4,7 миллиард сомонӣ ё 600 миллион доллари амрикоӣ лозим аст.

Дар назар аст, дар канори Бонки Ҷаҳонӣ инчунин сохторҳи мисли Бонки рушди Осиё, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки исломии рушд ва Бонки осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ дар иҷрои Лоиҳаи таъмиру навсозии неругоҳи Норак ширкат кунанд.

Навсозии неругоҳи Норак дар ду марҳила анҷом шуда, дар назар аст, дар марҳилаи аввал се чарха ва дар марҳилаи баъдӣ 6 чархаи дигар модерну навсозӣ шавад. Навсозии қаблӣ дар соли 1988 анҷом шуда ва ҳамаи нӯҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3000 МВт расонида шуда буд.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳоло ҳама чархаҳо ё агрегатҳои неругоҳи Норак бо мурури замон кӯҳна ва фарсуда шуда ва дар натиҷа истеҳсоли нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ аз 3000 мегаватти лоиҳавӣ то 2700 мегаватт коҳиш ёфтааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар сурати тармиму бозсозӣ шудани ҳамаи 9 чархаи нерӯгоҳи Норак на танҳо иқтидори қаблии он барқарор мешавад, балки истеҳсоли нерӯи барқ ба миқдори 195 мегаватт афзоиш ёфта ва ба 3195 мегаватт хоҳад расид.

Аммо Баҳром Сироҷев, раиси пешини ширкати “Барқи тоҷик” ва коршиноси масоили энержӣ гуфт, баъд аз навсозӣ шудани чархаҳои неругоҳи Норак истеҳсоли неруи барқ аз меъёри лоиҳавиаш зиёд нахоҳад шуд.

Аз аввал иқтидори лоиҳавии неругоҳи Норак 2700 мегаватт буд, мо онро дар соли 1988 навсозӣ карда ва истеҳсоли барқро ба 3 миллион киловат (3000 мегаватт) расондем. Пас аз навсозӣ иқтидораш аз ин рақам зиёд намешавад”.

Неругоҳи барқи обии Норак яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон буда, зиёда аз 70 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон дар он ҷо истеҳсол мешавад. Сохтмони нерӯгоҳи Норак дар соли 1961 дар дарёи Вахш оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор даромадааст.

Баландии сарбанди ин нерӯгоҳи барқӣ 300 метр буда, дар он 9 агрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Нерӯгоҳи барқи обии Норак бо ду дастгоҳи тақсимкунандаи неруи барқи 500кВ ва панҷ 220кВ бо системаи энергетикии кишвар пайваст аст.

Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ аз тарафи Бунёди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати Олмонии «Алстом» сохта шудааст.

Таҷҳизоти асосии Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.

Зимнан, дар моҳи августи соли 2013 дар неругоҳи Норак дастгоҳи таксимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ бо навтарин технологияи аврупоӣ дар давлатҳои Италия, Фаронса, Олмон ва Швейтсария бунёд ёфтааст.

XS
SM
MD
LG