Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи Друкс хонаи сад оиларо дар Бартанг равшан кард. ВИДЕО


Роман Друкс
Роман Друкс

Роман Друкс - муҳаққиқ ва филмсози ҷавон аз Швейсария (Суис) - бо сарфи 250 ҳазор доллар ва панҷ соли зиндагӣ дар вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон як нерӯгоҳ сохт ва хонаи торики сад оиларо дар Бартанг равшан кард.

Баъди солҳои зиёд сокинони деҳаи Басиди Бартанг, воқеъ дар 60-километрии Рӯшон, соҳиби барқ шуданд. Ду ҳафта пеш дар ин деҳ нерӯгоҳе бо иқтидори 200 киловатт/соат барқ ба кор даромад. Он рӯз ҳам дар деҳа чун як ҷашни хотирмон бо базму бозӣ таҷлил шуд.

Роман Друкс, муҳаққиқ ва филмсозе аз Швейсария бо ташкили як маъракаи ҷамъовари пул дар миёни мардум ё краудфандинг таваҷҷӯҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва мардуми оддӣ дар ин кишварро ба мушкили барқ дар Бартанг ҷалб карда, барои сохтмони нерӯгоҳ дар Бадахшони Тоҷикистон пул ҷамъ кард. Ҳукумати Швейтсария ҳам ба ин маърака ҳамроҳ шуда, нисфи маблағи заруриро пардохт намуд. Роман дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 13 июл гуфт, нерӯгоҳ тибқи талаботи ҷаҳонӣ сохта шуда, тавони рӯшан кардани чанд деҳи дигар дар Бартангро ҳам дорад.

“Ман намехостам нерӯгоҳе созем, ки баъди ду ҳафта аз истифода барояд ва бо вуҷуди ин, ки аз ҷониби Чин ва дигар кишварҳо пешниҳодҳо буд, мо турбинаро дар Швейсария истеҳсол кардем, генераторро аз Булғористон харидем, системаи идоракунии автоматиро аз Олмон овардем. Ҳамаи инро дар масофаи 7 ҳазор километр ба Бадахшон овардем. Нерӯгоҳ иқтидори пурраи худро истифода карда наметавонад, зеро истифодабаранда кам аст, мо ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯи маблағ ҳастем, то деҳаҳои наздикро ба ин нерӯгоҳ пайваст кунем”, мегӯяд Роман Друкс.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нерӯгоҳи 250 000-долларии як сокини Швейтсария дар Бартанг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Тасмими кӯмак ба мардуми Бадахшон ва сохтмони як нерӯгоҳи калонро Роман баъди як сафараш ба минтақа дар 15 соли пеш гирифтааст. Дар он сафар бо гурӯҳе аз муҳақиқон Роман Друкс чанд муддат дар Бадахшон монд ва мушоҳидаи зиндагиву мушкилоти мардуми он, махсусан хонаҳои торики деҳоти дурдаст, ӯро водор кард, ки дубора ва ин бор ба мавзӯи илмие дар мавриди “Амнияти энергетикии Бадахшон” ба ин минтақа баргардад.

Дар водии Бартанг
Дар водии Бартанг

Баъди чанд моҳи таҳқиқ ва мулоқот бо сокинони Бартанг, Роман ба ин хулоса омад, ки мешавад тамоми мушкили мардумро бо сохтани як нерӯгоҳ ҳал кард. “Ман дидам, ки зиндагии мардуми ин минтақа аз зиндагӣ дар Швейсария фарқи бузурге дорад. Дидам, ки онҳо вақт ва нерӯи зиёди худро барои ҷамъоварии ҳезум ва маводи дигари сӯзишворӣ сарф мекарданд. Махсусан, дар мавсими сармо медидам, ки ҳатто онҳо асбобҳои рӯзғорашон мисли мизу курсиҳоро шикаста, барои гарм кардани хонаҳо ва хӯрок пухтан истифода мекарданд. Ҳамин тавр, баъди дидору мулоқотҳо бо сокинон ва созмонҳои кӯмакрасон дар Бартанг ба хулосае расидам, ки бояд нерӯгоҳе сохта шавад”.

Барои амалӣ кардани ин фикри худ Роман созмони “Помир линк”- ро таъсис додааст. Ҳукумати ноҳияи Рӯшон ҳам дар ин тарҳи онҳо бо ҷалби муҳандисон аз ширкати “Помирэнержӣ” саҳм гузошт.

Басид яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Бартанг аст, ки беш аз 100 хоҷагӣ дорад. Ин деҳа то имрӯз танҳо як нерӯгоҳи хурди худсохт доштааст, ки мардум тавассути он имкони рӯшан кардани фақат як утоқи манзили худро доштанд. Рӯшании он ҳам хеле заиф будааст ва, ба қавли Роман, рӯзи аввали ба истифода додани нерӯгоҳи нав лампаҳои аксар манзилҳои деҳ ба шиддати мӯътадили барқ тоб наоварда кафидаанд.

Ниёзбек Ниёзбеков, раиси ҷамоати Басид дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 13 июл гуфт, ки то соли 2000-ум мардум умуман барқ надошт, баъдан нерӯгоҳи худсохте сохтанд. "Фасли зимистон тамоман нерӯгоҳ иқтидори хуб надошт. Зимистон тақрибан 15-20 киловатт/барқ медод. Як нонро тавассути бухорӣ то як-якуним соат мепухтем. Ҳоло тамоми деҳа барқ дорад ва қишлоқҳои ҳамсоя ҳам мехоҳанд хатти барқ кашанд», мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Роман, дар ин 6 соли талошҳо барои овардани барқ ба Бадахшон ӯ ва гурӯҳаш, ки аз 5 нафар иборат аст, мушкилоти зиёдро пушти сар карданд. Баъзан дигар умеди анҷоми комили корро ҳам аз даст медодаанд, аммо ҳоло ӯ бо хушҳолӣ ва бо боварӣ мегӯяд, дар чанд соли наздик зиндагии мардуми деҳаи Басид, ки акнун бо барқ пурра таъмин шудааст, комилан тағйир меёбад. “Ман фикр мекунам, акнун хусусан зиндагии занон сабуктар мешаванд. Истифода аз таҷҳизоти барқӣ зиндагии онҳоро осонтар мекунад. Дар зимистон акнун онҳо метавонанд аз бухориҳои барқӣ истифода баранд. Ҳамин тавр,буридани дарахтон, ки барои табиат як зарари ҷиддӣ буд, камтар мешавад».

Роман дар чанд соли равуо ва зиндагӣ дар Бадахшон, забони мардуми минтақаро ҳам аз худ кардааст. Ҳоло дар деҳаи Басиди Бартанг барои истифодаи дурусти нерӯгоҳ Кумитаи идоракунии барқи деҳа таъсис шудааст. Нархи як киловатт/барқ 15 дирам муайян шуда, нисфи ин маблағ ба кормандони нерӯгоҳ чун ҳақмузд дода мешавад ва қисми дигар барои таъмири нерӯгоҳ пешбинӣ мешавад. Роман мегӯяд, нерӯгоҳ дигар мисли фарзанди ӯст ва аз вазъу кори он пайваста назорат хоҳад кард.

Роман Друксбар ивази ин иқдоми некаш аз сӯи сокинон дар рӯзи ба истифода дода шудани нерӯгоҳ ба беш аз 200 ҷуроби помирӣ қадрдонӣ шуд. Ӯ мехоҳад ин ҷуробҳоро барои онҳое, ки дар иҷрои ин тарҳ барояш кӯмак ва маблағгузорӣ кардаанд, тӯҳфа бубарад.

XS
SM
MD
LG