Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон


Имрӯз, 12 июл, дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) баргузор мешавад.

Доварон ин бозӣ, ки соати 18:00 оғоз меёбад, аз шаҳри Душанбе мебошанд. Сардовари бозӣ Беҳрӯз Муртазоев, ёваронаш Насим Ҳамидов ва Аминҷон Хоркашев, довари эҳтиётӣ Гулмуроди Саъдулло таъин шудаанд.

Ин бозӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон санҷишест пеш аз мусобиқоти байналмилалии «CAFA Cup – U-19», ки аз 6 то 9 август дар шаҳри Тошканд бо ширкати дастаҳои кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барпо мегардад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқот таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Туркманистон (6 август) ва Эрон (7 август) бозӣ мекунанд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон шомиланд. Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар айни ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷараён дорад. Ба иттилои ин манбаъ дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, аслан ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016, ки моҳи октябр дар Баҳрайн доир хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Узбакистон (14 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) рақобат мекунад.

Бар асоси дастури мусобиқот ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн дастаҳо барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Дар мавриди дар Баҳрайн ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ, дастае, ки дар қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.

XS
SM
MD
LG