Пайвандҳои дастрасӣ

Авзалшоҳи Ҳикматулло дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Вай дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 килограмм мақоми севумро касб кард. Дар ин бора рӯзи 7 июл ба “Озодӣ” Вазирбек Назиров, корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ гуфт, ки ин дувумин медали мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, аввалин медалро дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки дар Ёқутистони Русия ҷараён доранд, ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овардааст. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 килограмм барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки 6 июл дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия шуруъ шуданд, беш аз 3300 варзишгари наврас аз 38 кишвар барои 321 маҷмӯи медалҳо тӯли 11 рӯз мубориза мебаранд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аcт.

Дар ин Бозиҳо беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо иштирок мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» нахуствазири Русия Дмитрий Медведев иштирокдоронро табрик намуда, гуфт, “соли ҷорӣ мо 20-солагии “Бачагони Осиё”-ро ҷашн мегирем, ки ин синни муътабар аст. Ин Бозиҳо мақоми хоса доранд, зеро ки таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир мешаванд. Русия бо Бозиҳо ифтихор дорад. “Бачагони Осиё” ин шанси беҳтарин барои варзишгарони наврас ҷиҳати нишон додани қобилияти худ мебошад. Ҳамаи наврасон аз санҷиши интихобӣ ба таври ҷиддӣ гузашта, худро ҳамчун варзишгарони ҳақиқӣ нишон доданд. Дар пеш 12 рӯзи мусобиқот аст ва ман орзу мекунам, ки шиори маълуми олимпӣ “Тезтар, баландтар, қавитар!” дар ҳаёт татбиқ шавад.”

Бояд гуфт, ки Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 барои бори шашум баргузор мешаванд.

Барои ширкат дар ин Бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви Шӯрои олимпии Осиё, инчунин минтақаҳои Русия ва шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон даъват шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар Бозиҳои имсола барои аввалин бор дастаи мунтахаби наврасони Сурия иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG