Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоиров: Ҳукумат мехоҳад, моро аз дохил пароканда кунад (САДО)


Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳафт сол боз ниҳодҳои давлатӣ талош доранд, ки дар дохили ин ҳизб низоъ ва тафриқа эҷод карда, раҳбарашро иваз кунанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ки мақомоти давлатӣ барои тафриқаандозӣ дар дохили ин ҳизб кӯшиш доранд. Оқои Зоиров ин ҳарфҳоро 4 июл, баъди ду рӯзи “тағйироти кадрӣ” дар ҳизби коммунисти Тоҷикистон баён дошт, ки бар асоси он Исмоил Талбаков, ҷонишини пешини Шодӣ Шабдолов, ба ҷои ӯ дар раёсати ин ҳизб нишаст.

Зоиров гуфт, зоҳиран ҳадафи навбатӣ ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ин ҳизб тирамоҳи имсол анҷумани навбатии худро баргузор карда, ба қавле “чӯҷаҳояшро хоҳад шумурд”. Яке аз масъалаҳои матраҳи ин анҷуман ба эҳтимоли қавӣ ивази раҳбари ҳизб мебошад.

Зоиров: “Хатари дахолат аз берун ба кори ҳизби сотсиал-демократ таҳдид мекунад. Ҳафт сол боз ниҳодҳои давлатӣ ҳаракат доранд, ки дар дохили ҳизб низоъ ва тафриқа эҷод карда, раҳбарашро иваз кунанд. Бо баъзе фаъолони ҲСДТ суҳбатҳои маҳрамона анҷом дода ва ваъда ҳам додаанд, ки дар сурати иҷро шудани ин нақша, яъне, пароканда кардани ҳизб аз дохил ба онҳо мақомҳои раҳбарикунанда дар ҳукуматҳои маҳаллӣ дода хоҳад шуд. Бовар дорам, дар дохили ҳизб ягонагӣ ҳукмфармо ва мустаҳкам аст.”

Озодӣ: Ҳизби наҳзат “аз дохил мунфаҷир” нашуд ва аз роҳҳои дигар баста шуд. Тақдири ҲСДТ чӣ хоҳад шуд? Ҳукумат метавонад “даҳон”-и ин ҳизби мухолифро аз роҳҳои дигар бибандад?

Зоиров: “Ин вазъиятро пешгӯӣ кардан душвор аст. Ҳоло чунин вазъият ба миён наомадааст. Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки агар чунин вазъият ба миён ояд, он вақт дар ин замина ибрози назар хоҳам кард.”

Озодӣ: Шумо қаблан гуфта будед, ки “агар мушкили феълии ҲСДТ ба Зоиров марбут бошад, омода ҳастед курсии раёсати ҳизбро тарк кунед”. Ҳанӯз ҳам ба ин ақида пойбанд ҳастед?

Зоиров: “Бале. Ин масъала дар Анҷумани ҳисоботию интихоботии ҳизби сотсиал-демократ баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд. Тибқи нақша ин анҷуман бояд барвақттар баргузор мешуд, вале ба далелҳои мухталиф ин ҳамоиш дар охири тирамоҳи соли ҷорӣ доир хоҳад шуд. Масъалаи раҳбарияти ҲСДТ дар ин анҷуман аз масъалаҳои асосӣ ҳисоб меёбад.”

Озодӣ: Феълан, барои баргузор кардани анҷуман мушкил ё мониа вуҷуд дорад?

Зоиров: “Вақте санаи баргузории анҷуман эълон шуда ва ба ҷустуҷӯи бино барои иҷора шурӯъ кунем, мумкин аст, он замон мушкил пайдо шавад. Мо дар остонаи интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ дар солҳои 2013 ва охири 2014 натавониста будем дар Душанбе биноеро барои гузарондани анҷумани ҳизб ба иҷора гирем. Баъд аз гирифтани иҷора соҳибони бино пушаймон шуда ва пули иҷораро оварда доданд.”

Озодӣ: Баъди интихоботи порлумонии соли гузашта фаъолияти ҳизби сотсиал-демократ дар дохили кишвар камранг шудааст. Иллаташ тарсу ҳарос пас аз саркӯб шудани ҳизби наҳзати исломист ё чизи дигар?

Зоиров: “Ин тактикаи мо буд ва мо қасдан фаъолиятамонро суст кардем. Аммо дар даҳ рӯзи охир ба 11 ноҳияи вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рафта ва бо фаъолони ҲСДТ дидор доштам. Конфенсияҳои ҳисоботию интихоботӣ баргузор карда ва чанд раҳбари нави бахшҳои ин ҳизб интихоб гардид. Аз натиҷаи ин мулоқот изҳоротеро низ омода кардаам, ки дар рӯзҳои наздик мунташир хоҳад шуд.”

Озодӣ: Ин чӣ изҳоротест?

Зоиров: “Изҳорот дар бораи вазъияти феълии аъзои ҲСДТ дар минтақаҳо ва афзоиши фишор болои онҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ аст. Баъди интихоботи порлумонии соли гузашта фишорҳо ба аъзои ҳизби мо ба маротиб зиёд шудааст. Дар ҳама ҷо овоза мекунанд, ки Зоиров ҷосус ва хоини миллат аст. Чаро ин ҳизбро тарк намекунанд? Онҳо талқин мекунанд, узвият дар ҲСДТ ба ҷиноят кардан баробар аст. Ба далели ин гуна таҳдиду фишорҳо 70 дарсади фаъолону аъзои ҳизби мо маҷбур шудаанд Тоҷикистонро тарк карда ва дар Русия ва Қазоқистон паноҳ баранд.”

Озодӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти кунунӣ дурнамои ҳизби сотсила-демократи Тоҷикистон чигуна хоҳад шуд?

Зоиров: “Наметавонам ҳоло сари ин мавзӯъ суҳбат кунам. Зеро мақомоти Тоҷикистон низ дурнамои кишварро тасаввур карда наметавонанд. Дурнамои ҳизб ба амалу рафтори ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст. Мо ҳамеша дар чорчӯби қонунҳо ва Конститутсия фаъолият мекунем. Агар мақомоти Тоҷикистон дар доираи қонунҳо амал накунанд, он вақт фаъолияти ҲСДТ маҳдуд мешавад. Мумкин аст, аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ба умури дохилии ҳизб дахолат шуда ва ба таври маснӯӣ дар дохили ҳизб ихтилофу низоъ эҷод шавад.”

XS
SM
MD
LG