Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД Туркия: Ҳамла ба "Отатурк"-ро шаҳрвандони хориҷӣ анҷом доданд


акси ҳамлагарони интиҳорӣ

акси ҳамлагарони интиҳорӣ

Вазири корҳои дохилии Туркия Эфкон Ало дар ҷаласаи умумии порлумони кишвараш гуфтааст, ки ҳуҷум ба фурудгоҳи байналмилалии Истанбулро се шаҳрванди хориҷӣ анҷом додаанд. Изҳороти вазир рӯзи 30 июн пахш шуд.

Ҳамзамон вазири Туркия нагуфтааст, ки ҳамлаварони интиҳорӣ шаҳрвандони кадом давлат буданд. Аз сӯи дигар нашрияҳои Туркия баъд аз зуҳри панҷшанбе аз қавли манобеи худ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки ҳамлагарон шаҳрвандони Русия, Узбакистон ва Қирғизистон будаанд. Дар вокуниши сареъ ба ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо пахши як изҳорот гуфт, рабти шаҳрванди Қирғизистон ба таркишҳои фурудгоҳи Истанбул тасдиқи расмӣ надорад.

Пулиси Туркия рӯзи 30 июн дар робита ба ин таркишҳо 13 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди хориҷиро боздошт кардааст, ки ҳуввияти онҳо ошкор нашудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ба Радиои Озодӣ гуфт, агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни боздоштшудаҳо мебуданд, сафорат ҳатман аз ин огоҳ мешуд. Мақомоти расмии Туркия то ҳол дар бораи рабти эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳуҷумҳои ахир муроҷиат накардаанд.

ВКХ: "Даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи Истанбул тасдиқ нашуд"

Қаблан яке аз нашриҳояи Туркия "Миллият" навишта буд, ки таркишҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом додаанд. ​Вафо Ниятбеков, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 30 июн ба Озодӣ гуфт, намояндагони консулгарӣ дар ин замина бо масъулони Истанбул ва амниятии ин шаҳр мулоқот анҷом додаанд.

Ба иттилои ӯ, "дар ин мулоқот ҳеҷ яке аз мақомоти шаҳрдорӣ ва амниятии Истанбул даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодисаро тасдиқ накардаанд."

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Илҳом Абдураҳмонов дар як сӯҳбат бо Озодӣ рӯзи 30 июн гуфт, баъди нашри хабари гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон будани ҳамлагарони фурудгоҳи Отатурк масъулини консулгарӣ бо мақомоти амниятии Истанбул дар тамос шуданд. Вай гуфт, мақомоти амниятии волигии Истанбул, ки масъулияти ҳамоҳангсозии тамоми ҷузъиёти таҳқиқи ҳамлаҳои террористии рӯзи 28 июн дар дасти онҳо аст, гуфтанд, ки ҳанӯз шаҳрвандӣ ва ё шахсияти ҳамлагарон барои онҳо маълум нест. Масъулон гуфтаанд, ки хабари гӯё шаҳрванди Тоҷикистон будани се ҳамлагари фурудгоҳро, ки яке аз нашрияҳои маҳаллӣ чоп кардааст, тасдиқ карда наметавонанд.

Дар идораи сомонаи хабарии «Milliyet» ба дипломатҳои тоҷик гуфтаанд, ки ин матлабро «як хабарнигори озод»-и онҳо нашр кардааст ва онҳо бояд дурустии онро бисанҷанд. Илҳом Абдураҳмонов гуфт, ки дар сурати иштибоҳ будани ин хабар, нашрия бояд ки раддияи ин хабарро чоп кунад. «Мо ҳоло мунтазири посухи ниҳоии «Milliyet» ҳастем, то ки бубинем, манбаи аслии ин хабар кӣ аст». Илҳом Абдураҳмонов таъкид кард, ки ба ҷуз «Milliyet» эҳтимоли даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳамлаҳоро дигар нашрияҳо чоп накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе нашрияҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки тафтишоти пешакӣ мушаххас кардааст, ки шумори ҳамлагарони се таркиши интиҳории рӯзи сешанбе то ҳафт нафар буда, яке аз онҳо эҳтимолан шаҳрванди Русия Усмон Вадинов аст. Аз ҷумла, нашрияи «Ҳуррият» бо пахши ин хабар гуфтааст, ки ин мард чечентабор аст, вале ҷузъиёти дигар маълум нест.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон субҳи 30 июн бо пахши изҳороте гуфт, ки хабари нашрияи «Milliyet»-и Туркия дар робита ба даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунбори Истанбулро боварибахш нест ва ин хабар танҳо тариқи як нашрияи хусусӣ паҳн шудааст ва мақомоти расмии Туркия то кунун онро таъйид накардаанд. Вазорати умури хориҷӣ ҳамзамон гуфта буд, нашрияи «Milliyet» танҳо бар асоси аксҳои нашршудаи ин афрод, ки чеҳраи тоҷикона доштаанд, натиҷагирӣ кардааст, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Рӯзномаи "Milliyet"-и чопи Туркия рӯзи 30-юми июн навишт, ки дар таркиши маргбори рӯзи 28-уми июн дар фурудгоҳи Отатурки шаҳри Истанбул, се ҳамлавари худкуш аз Тоҷикистон даст доштаанд. Ин рӯзнома навишт, ки ин афрод қабл аз ҳамла, тавассути таксӣ ба фурудгоҳ омадаанд.

Нашрияи «Milliyet» бо нашри акси ин се ҳамлавари худкуш менависад, ки айни замон ба кадом созмонҳои террористӣ мансуб будани ин афрод рӯшан нест. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркия рӯзи гузашта эълон карданд, ки ба эҳтимоли зиёд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар пушти ин ҳамлаҳо қарор дорад.

Додситонии кулли Торҷикистон дар вокуниш ба хабари «Milliyet», даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи фурудгоҳи Истанбулро бепоя хонд ва гуфт, ки чунин харобкориҳо хоси мардуми тоҷик нест ва ин масъаларо бевокуниш нахоҳанд гузошт.

Муҳаммадризо Халифазода, раиси дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо мунтазири баррасии ин масъала аз ҷониби намояндагони Консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул мешавем ва ҳатман вокуниши худро баён хоҳем дошт."

Вай афзуд, чунин амалҳои харобкорӣ хоси мардуми тоҷик нест ва аз ҷумла ба ҳодисаи муноқиша дар қабристони Хован дар Маскав ишора кард, ки дар ибтидо гуфта мешуд гӯё ҷавонони тоҷик даст ба тахрибкорӣ задаанд, аммо дертар маълум шуданд, ки омилони он ҳодиса, намояндагони миллатҳои дигар будаанд.

Аз рӯи иттилои охир, дар натиҷаи ҳамлаи се маргталаб ба фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Истамбул шоми 28 июн, 41 нафар кушта ва ҳудуди 200 нафар захмӣ шудаанд. Ҳукумати Туркия ин таркишҳоро кори ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" донистааст. Ҳанӯз ҳеҷ вокунише аз ҷониби мухолиф ба ин ҳодисаҳо дар даст нест.

Дар бемористонҳо тоҷикон нестанд

Масъулини Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истамбул мегӯянд, аз дирӯз ба ин сӯ дипломатҳои тоҷик ба бемористонҳои маҳаллӣ рафта эҳтимоли осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҳамлаҳои ахир мушаххас мекунанд. Илҳом Абдураҳмонов ба радиои Озодӣ гуфт, ки аллакай маълум шудааст, ки дар миёни қурбониҳои таркишҳо ягон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон набуд. "Вале азбаски ин ҷо бемористонҳо зиёд аст ва шумори маҷрӯҳшудаҳо то 239 нафар афзоиш ёфтааст, ҳамаи онҳо дар касалхонаҳои мухталифи шаҳр - давлативу хусусӣ ҷой дода шудаанд. Мо ба ҳар як касалхона рафта талош мекунем мушаххас кунем, ки дар миёнашон тоҷикон ҳастанд ё на. Баъди аёдати нисфи бемористонҳо мо гуфта метавонем, ки тоҷикон дар миёни осебдидаҳо нестанд. Вале мо боқӣ касалхонаҳоро ҳам мегардему мебинем".

Вай гуфт, дар сурати пайдо шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар бемористонҳо консулгарӣ омода аст кӯмаки заруриро расонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG