Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Комиссар Низомов": Ҳатто ҳамсарам барои сулҳ кӯшиш карда буд (ВИДЕО)


Мирзохӯҷа Низомов
Мирзохӯҷа Низомов

Генерал Мирзохӯҷа Низомов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ки баъдан дар мақомҳои раиси Кумитаи гумрук ва муовини раиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кор кардааст, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ аввалин талошҳо барои сулҳ дар дохили кишварро ошкор кард.

Ӯ гуфт, вақте даргириҳо дар дохили кишвар идома дошт, намояндагони ҳукумат аз ҳамсари ӯ Раъно Низомова хоҳиш кардаанд, ки барои машварат бо шавҳараш миёнравӣ кунад. Аввалин муколамаи муҷоҳидин ва нерӯҳои ҳукуматиро дар водии Рашт ин зан баргузор карда будааст.

“Комиссар Низомов” мегӯяд, расман барои таҷлил аз ҷашни имсолаи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Хоруғ даъват нашуда буд, вале ҳар сол 27 июн барояш рӯзи сулҳ аст.

Озодӣ: Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, сулҳи тоҷикон таҳти фишори созмону кишварҳои хориҷӣ ба даст омадааст. Воқеан, ин сулҳ бо хости фармондеҳону раҳбарони сиёсии ду тараф ба даст омад, ё фишоре ҷой дошт?

Мирзохӯҷа Низомов: “Бо шурӯи нооромиҳо силоҳ дар дасти мо буд ва аз ҳеч тараф – на аз берун ва на аз дохил – касе фишор ё зӯрӣ надошт, ки сулҳ бо роҳи маснӯӣ ба даст биёяд. Дар солҳои 1994-95 дар ҷабҳаи Ғарм ва Тавилдара (ҳоло Сангвор) ҷангҳои шадид идома мекард ва гоҳе то як моҳ давом мекард. Аз ду тараф садҳо нафар кушта мешуданд, махсусан ҷавонон мемурданд. Ин саҳнаҳо беҳад дардовар буд. Вақте ки сарбозони давлатӣ баъд аз даргирӣ ақибнишинӣ мекарданд, мо ҷасади онҳоро ба хок месупоридем ва медидем, ки дар паспорту билети ҳарбӣ синнашон зикр шудааст. Аксари онҳо нав ба саффи артиш даъват шудаанд. Магар ин фоҷиа нест? Дар ҷанги Тавилдара ду бародари наздикам Эшони Фатҳулло ва Зобит кушта шуданд ва ҳатман аз тарафи ҳукумат ҳам наздики касе кушта мешуд ва ё захмӣ мешуд ва ё асир меафтод. Магар ин хонаводаҳои тоҷикро бадбахт намекард? Пас, чӣ гуна бо ин шароити ваҳшатзо метавон бетараф буд ва кӯшиш накард, ки сулҳу субот ба даст биёяд. Сулҳ хости ҳарду тараф буд ва хости созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил буд.”

Нақли видеоии Мирзохӯҷа Низомов ва ҳамсараш инҷост:

Нақши ҳамсари "Комиссар Низомов" дар бастани сулҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Озодӣ: Дар солҳои 1994-95, ки дар минтақаҳо ҷангҳои шадид идома дошт ва ҷонибҳо чандон ба сулҳ бовар надоштанд, музокираҳо дар дохил чӣ гуна сурат мегирифтанд?

Мирзохӯҷа Низомов: “Дар соли 1995 чанд дафъа бо Суҳроб Қосимов ва се бор бо Ғаффор Мирзоев мулоқот карда будем. Назари умумиамон ин буд, ки зудтар сулҳ шавад ва ба ҷангу куштор поён дода шавад. Дар соли 1996 аз тарафи Зафар Икромов, раиси Кумисюни оташбас аз ҷониби ҳукумат нома дарёфт кардам, ки мехоҳад музокира кунем. Ман розӣ шудам ва ӯ ҳамроҳи намояндаи Созмони Милал Ҳасан Абазза ба Ғарм омад ва дар як боғ барои онҳо дастурхон густурда, мулоқот кардем. Намедонам, пешниҳодҳои моро ба ҷониби ҳукумат расонданд ё не, вале ман барои размандаҳои минтақаамон нуктаҳои муҳими суҳбати масъули Кумисюни оташбас ва намояндаи Созмони Милалро барои ҳарчӣ зудтар фароҳам овардани шароит барои оташбас фаҳмондам ва ин мулоқот дар зеҳни размандаҳо эътимод ба талошҳои ҳукумат барои ба даст овардани суботро бештар кард.”

Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Мирзохӯҷа Низомов
Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Мирзохӯҷа Низомов

Озодӣ: Роҳбарони сиёсии мухолифон ба чунин талошҳои Шумо чӣ гуна баҳо медоданд. Оё истиқбол мекарданд?

Мирзохӯҷа Низомов: “Роҳбарони сиёсии мо он солҳо дар хориҷи Тоҷикистон буданд ва тамоси мустақим надоштанд. Вале нома фиристода норозигӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки Шумо як фармондеҳи ҳарбӣ ҳастед ва ба корҳои сиёсӣ дахолат накунед. Ба масъалаи сулҳу мусолиҳа кордор набошед. Дар ҳамон вақт масъули амният ва умури дохилаи минтақа ҳамсари маро даъват намуда ва хоҳиш кардаанд, ки Мирзохӯҷаро дар куҷое набошад пайдо кун ва бирасон, ки Саидамир Зуҳуров, вазири пешини амният ба Ғарм омадааст ва мехоҳад бо ӯ мулоқот кунад. Ҳамсарам (ҳамсараш Раъно тасдиқ мекунад) ҳамроҳи кӯдаки хурдсол сарфи назар аз мушкил ба роҳ мебарояд ва (мо дар 50-километрии маркази ноҳия дар пуштаи як куҳ қарор доштем) ними роҳро бо мошин ва қисми дигарро пиёда тай намуда, ба қароргоҳи мо расид ва хабарро расонд. Ман ба маркази ноҳия омадам, вале алакай Зуҳуруов рафта буд ва бо намояндаҳои амният розӣ нашудам суҳбат кунам ва пас гаштам. Мо ҳамеша аз кӯчактарин иқдом барои расидан ба оромӣ рӯ намегардондем. Сарфи назар аз он ки роҳбарони сиёсиамон норозигӣ мекарданд, вале мо дар ҳамон солҳое, ки ҳанӯз бӯе аз сулҳ намеомад, аз музокираҳо дар минтақаҳо даст намебардоштем.”

XS
SM
MD
LG