Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро паноҳҷӯён аз Тоҷикистон мераванд?


Ҳамоиши занони афғон дар Душанбе

Ҳамоиши занони афғон дар Душанбе

Теъдоди паноҳандагон дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст, аммо дар Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди паноҳҷӯён хабар мерасад.

Созмонҳои кор бо паноҳандагон мегӯянд, онҳое, ки аз ноамнӣ ва ё таъқиб фирор карда дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, дар муқоиса ба чанд соли пеш ду баробар кам шудаааст. Агар теъдоди паноҳандагон 20 сол пеш 6600 нафар буд, ҳоло аз нисф камтар ва ё 2500 нафар мондаанд.

Масъулони Созмони кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд мегӯянд, сабаби коҳиши теъдоди паноҳҷӯён дар Тоҷикистон интиқоли онҳо ба кишварҳои ғарбӣ аст. Мавҷуда Раҳмонова, раиси ин созмон, 22 июн ба Озодӣ гуфт: "Панҷ сол пеш тариқи як барнома паноҳандагон асосан ба Канада интиқол ёфтанд. Аммо пас аз рафтан бисёре аз гурезаҳо мактуб навиштанд, ки мо онҷо забонро намедонем. Ҳарчанд дар Тоҷикистон мушкилот зиёд буд, вале забону фарҳанг як буд."

Ба гуфтаи масъулони Созмони кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд, беш аз 90 дарсади паноҳҷӯён дар Тоҷикистонро афғонҳо, 10 дарсади дигарро паноҳҷӯёни покистонӣ, ироқӣ, украинӣ ва эронӣ ташкил медиҳанд ва аз ин миён 70 дарсадашон ҷавонон ҳастанд.

Мавҷуда Раҳмонова мегӯяд, дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ паноҳҷӯёни афғон бештар аз ҳама мехоҳанд, дар Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд. Ва созмонҳои имдодӣ бештар барои ҳамоиши онҳо барнома иҷро мекунанд. Танҳо мушкиле, ба гуфтаи хонум Раҳмонова барои омадани паноҳҷӯёни афғон ба Тоҷикистон пеш меояд, надонистани хатти барои онҳо ноошнои кириллӣ аст.

Ба қавли иддае аз паноҳҷуён мушкилоти аслие, ки дар Тоҷикистон дучор мешаванд, мушкили дарёфти кор ва ҷойи зист аст. Мушкиле, ки сокинони кишвар ҳам доранд. ​Нафиса, як хонуми афғон, даҳ сол пеш бо ҳамсару нӯҳ фарзандаш ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ мегӯяд, 4 сол пеш бо мусоидати Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби барномаи “Кор бо паноҳандагон" дӯзандагиро пеша кард. Музде, ки ба даст меорад, барои таъмини рӯзгор кофӣ нест.

"Панҷоҳ ё шаст сомоние, ки ба даст меорем, байни чанд нафар аз ҳамкорон тақсим мекунем ва он гӯшаи бисёр ками эҳтиёҷоти зиндагиро пеш мебарад," - мегӯяд, Нафиса.

Шавҳараш дарди камар дорад ва наметавонад кор кунад ва дар хонаводаи бузурги 12-нафарӣ ӯ ва як писараш ноновари хона ҳастанд. Нафиса ба ин савол, ки "Оё намехоҳед, ба ягон кишвари аврупоӣ мунтақил шавед?" гуфт: "Аврупо дигар пур аз паноҳҷӯ шудааст. Шарт нест, ки моро ба Аврупо фиристанд. Ягон кишвари дигар ҳам, ки шароити нисбатан хуб дошта бошад, қабул дорем."

Шоҳхонум аз паноҳҷӯи дигари афғон аст, ки аз мушкили дарёфти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегӯяд. Талошҳои ӯ дар чанд соли охир барои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон бидуни натиҷа мондааст. "Хонуми писарам шаҳрванди Тоҷикистон аст, вале худаш то ҳол наметавонад шаҳрвандӣ бигирад," - гуфт ӯ.

Шоҳхонум баъди марги шавҳараш дар таркише дар Афғонистон соли 2008 бо шаш фарзандаш тарки ватан кард. Ду писараш аз ҳисоби таъмири мошин рӯзгори худро пеш мебаранд. Вай мегӯяд, имкон ва шароити рафтан ба кишвари дигарро надорад.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ин паноҳандагон, рафтору муносибати баъзе аз сокинон хотирашонро озурда мекунад, аммо аз зиндагӣ дар як кишвари амн ва ҳамдину ҳамфарҳангу ҳамзабоне мисли Тоҷикистон қонеъанд. Афғонҳо аз нахустин паноҳандагоне ҳастанд, ки ба далели ноамниҳо дар кишварашон дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд. Баъди ба дасти Толибон гузаштани аксари манотиқи Афғонистон дар соли 2000 теъдоди паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон бештар шуд.

Нахуст афғонҳо дар шаҳри Душанбе маскун шуданд ва дар гӯшае аз пойтахт, бозоре бо номи “бозори афғонҳо” фаъол буд. Баъдан мақомот дастур доданд, ки паноҳандагони афғон дар ноҳияҳои атроф зиндагӣ кунанд. Аммо бо ин ҳам теъдоди зиёди афғонҳо дар шаҳри Душанбе иқомат мекунанд ва дар тиҷорату таъмири мошинҳо фаъоланд.

Ҳарчанд вазъи сиёсӣ, ноамнӣ ва фишору таъқиб омили рӯ ба Тоҷикистон овардани шаҳрвандони дигар кишварҳо шудааст, аммо мақомот онҳоро паноҳҷӯи сиёсӣ унвон намекунанд. Танҳо гуфта мешавад, ки паноҳҷӯён ба хотири дарёфти кору зиндагӣ, Тоҷикистонро ихтиёр мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG