Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасии давлатии автомобилӣ аз қонунвайронкунии 216 донишҷӯи “мошинсавор” хабар дод. Ба қавли мақомот, ин донишҷӯён муқаррароти таҳсил дар мактабҳои оливу касбиро вайрон карда, савори мошин ба дарс омадаанд.

Як манбаъ аз раёсати БДА-и вазорати умури дохилии Тоҷикистон якшанбеи 19 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуншикании ин теъдод донишҷӯён дар пайи амалиёти ходимони роҳ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар пойтахт ва нуқоти дигари кишвар сабт шудааст.

Ин ҳамсӯҳбати Озодӣ дуруст риоя накардани идораи нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳолатҳои истифодаи телефонҳои мобилиро сабабҳои аслии қонуншикании донишҷӯён унвон кард. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар ним соли ҷорӣ аз тарафи кормандони БДА бештар аз 7 ҳазор далели бо телефони ҳамроҳ сӯҳбат кардани ронандаҳо дар сари чанбари мошин сабт шудааст, ки миёни онҳо донишҷӯён низ ҳастанд.

Мақомот мегӯянд, амалиёт алайҳи “донишҷӯёни мошинсавор” агар аз як ҷониб, риояи муқаррароти таҳсил дар мактаби олӣ бошад, аз сӯи дигар барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз садамаҳо, ки бо айби ҷавонон, ба хусус донишҷӯёни мошинсавор рух медиҳад, роҳандозӣ мешавад.

Аммо аксари онҳое, ки бо мошин ба дарс мераванд, мегӯянд, ин корро аз рӯи зарурат анҷом медиҳанд, на аз ҳавову ҳавас. Тоҷиддин Алиев, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки ҳар субҳ аз шаҳри Турсунзода ба пойтахт бо мошини шахсӣ меояд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо ҳамин мошинашон манбаи даромаду таъмини зиндагияш аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, падар надорад ва модараш наметавонад ҳар субҳ барои рафтуомади ӯ ба дарс роҳкиро диҳад.

Вай гуфт, ҳар рӯз чаҳор нафарро ба Душанбе меорад ва пас аз дарс ҳангоми рафтан ба хона чаҳор мусофири дигарро ба самти Турсунзода мебарад, ки ҳудудан то 50 сомонӣ дар як рӯз пул кор мекунад. Ин ҷавон мегӯяд, як қисми маблағи бадастовардаашро ба мошинаш сӯзишворӣ мерезад ва боқимондаи пулро барои таъмини рӯзгор сарф мекунад. “Хайр, аз бекорӣ ин беҳтар нест магар? Агар барои зиндагӣ ҳам набошад, камаш барои як донишҷӯе, ки аз шаҳр берун зиндагӣ мекунад, танҳо барои роҳкиро 20 сомонӣ лозим мешавад. Агар ин корро накунам, аз куҷо пул меёбам?”-афзуд ӯ.

Ба феҳрасти қонуншиканҳо ворид кардани исми шахсоне, ки муқаррароти вазорати маорифро нақз кардаанд, ба назари бархе аслан дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва маҳрум кардани як қишри ҷомиа аз ҳаққи рондани мошин аст.

Алиакбар Саидов, ки 16 сол боз дар пойтахт ронандагӣ мекунад, мегӯяд, солҳои ахир теъдоди донишҷӯёне, ки аз рӯи ҳавас мусофир мекашонанд, кам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аксари онҳое, ки дар ин кор машғул ҳастанд, ё шароити хуби зиндагӣ надоранд ва ё ягона дороияшон ҳамин як мошин аст, ки метавонанд пас аз дарс “таксӣ” кор кунанд.“Ин ҳама аз маҷбурист, касе намехоҳад, ки барои 3 ё 5 сомонӣ мошинаш ифлос шавад ё кадом як мусофир дарашро сахт пӯшад ё ин, ки барои як маблағи ночиз, як нафарро аз як кунҷи шаҳр ба кунҷи дигар барад. Вақте дигар илоҷ надорӣ, ин ҳамаро барои 3 ё 5 сомонӣ тоқат мекунӣ”-гуфт Саидов.

Ба бовари ҳамсӯҳбатони мо, ҳанӯз ҳам донишҷӯёне, ки аз рӯи ҳавас ба донишгоҳ меоянд, кам нестанд, вале ба рейди ходимони роҳ ё БДА барои нақзи қонун, аксари ҳолат донишҷӯёне афтида ва ҷарима мешаванд, ки бо кори мусофиркашӣ хонаводаи худро таъмин мекунанд ё ягона саробони оила ҳастанд.

Аммо мақомот мегӯянд, ки бо мошинҳои шахсӣ ба донишгоҳҳо омадани донишҷӯён тибқи қонуни "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", манъ аст. Ин амри қонун чанд сол қабл бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон қабул шуда буд. Ҳамчунин дар баробари ин соли 2010 пас аз интиқод аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазорати маориф истифодаи телефонҳои мобил дар мактабу донишгоҳҳои кишварро низ манъ кард.

Садамаҳои автомобилӣ аз қонуншиканиҳои хеле умда дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба гуфтаи мақомот, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 284 чунин ҳодиса ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 102 нафар ба ҳалокат расидааст, ки теъдоди ҳалокшудаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёд будааст.

Бар асоси омори расмӣ, дар семоҳаи аввали соли 2016 аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷаи кишвар бештар аз 7, 5 миллион сомонӣ ворид шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG