Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз сомонаҳо... филтршиканҳо ҳам масдуд шуданд (Садо)


Бастану масдуд кардани сомонаҳо дар Тоҷикистон боз ҳам густурдатар шуда, ин бор шомили сомонаву нармафзорҳо ва дигар абзорҳои филтиршикан шудааст. Аксарияти ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон бисёр навъҳои анонимайзер ва филтиршиканҳоро масдуд кардаанд. Дар Тоҷикистон, ки таи солҳои охир таҷрибаи масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои видеоӣ зиёд ба кор бурда мешавад, бисёре аз корбарони Интернет бо истифода аз намрмафзорҳо ва торнамоҳои садшикан вориди сомонаҳои мавриди писандашон мешуданд.

Миёни корбарони Интернет дар Тоҷикистон беш аз ҳама нармафзори browseс маъруф буд. Аммо ҳамакнун мушоҳида мешавад, ки бисёре аз ширкатҳои интернетрасон сомонаи ин намафзор - browseс.com-ро масдуд кардаанд ва онҳое, ки ҳамакнун мехоҳанд ин нармафзорро насб кунанд, аз ин имконият маҳрум шудаанд.

Даҳҳо корбарони Интернет дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ҷуз аз ин нармафзор дар Тоҷикистон даҳҳо сомонаҳои филтиршикан, назири anonimaizer.ru, camelio.ru, noblockme.ru, hideme.ru масдуд шудаанд.

Айни замон, дар Тоҷикистион ҳеҷ як созмон ва ё ниҳоде номгӯи пурраи сомонаҳои масдудшударо дар даст надорад. Аммо Набӣ Юсупов, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии “Медиа консалтинг” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 июн дар ин робита гуфт, ки ин созмон дар мавриди

бастани сомонаҳо як ҳисобот омода карда буд. "Аз рӯи ин ҳисобҳо, дар Тоҷикистон то 300 сомонаҳои филтиршикан ва анонимайзер баста шудаанд. Аммо натиҷаи ин кор чӣ шуд? Ман мушоҳида мекунам, ки ҳамоно шумораи сомонаҳои масдудшуда пурхонанда ҳастанд”.

Юсупов мегӯяд, вақте мақомот дастрасӣ ба сомонаву торнамоҳои экстремистиву террористиро масдуд мекунанд, "мантиқист аммо замоне ки сомонаҳои хабарии дохилии кишвар, ки расман фаъолият доранд маҳдуд мешаванд, мантиқ гум мешавад". Вай гуфт, дар ин сурат дар кишгвар халои иттилоотӣ ба вуҷуд меояд ва аз ин ҳолат онҳое сӯистифода мекунанд, ки нияти зарар расонида ба кишварро доранд.

Аммо моликони расонаҳои хабарӣ мегӯянд, бо вуҷуди он ки пурра масдуд кардани дастрасӣ ба пойгоҳҳои хабарии интернетӣ имкон надорад, ин маҳдудиятҳо бешубҳа шумори корбарони ин сайтҳоро коҳиш медиҳад.

Зебо Тоҷибоева, муҳаррири Оҷонсии хабарии “Азия-плюс” мегӯяд, маъмулан дар ростои чорабиниҳои сиёсӣ, назири интихобот ва райъпурсӣ дастрасӣ ба пойгоҳи хабарии зери роҳбарии ӯ масдуд шуда, пас аз муддате боз мешуданд. Аммо ба таъкиди ӯ, ин навбат баъди раъйпурсии охир қариб як моҳ сипарӣ мешавад, вале дастрасӣ ба торнамои "Азия-плюс" ҳамоно маҳдуд боқӣ мемонад. Вай гуфт, "баста шудани сайт пеш аз ҳама ба мо зиёни калони молӣ расонд. Бисёре аз ширкатҳову созмонҳое, ки рекломаи худро дар сомонаи мо ҷой медиҳанд, шартномаашонро бо мо пеш аз мӯҳлат қатъ карданд. Чунки шумори хонандагони торнамои мо ба ҳисоби миёна то 50 фисад кам шудааст.

​Рекламадиҳандагон бошанд мегӯянд, ки дар сомонае ҳозиранд табриғоти худро ҷой диҳанд, ки баста набошад”.

Тоҷибоева гуфт, ки дар гузашта мақомот ба онҳо ба таври ғайрирасмӣ ҳам бошад сабаби баста шудани сомонаро шарҳ медоданд. Аммо “даъфаҳои охир мақомот ба таври ғайрирасмӣ низ шарҳ намедиҳанд, ки чаро сомона баста шудааст”.

Таҷрибаи беогоҳӣ маҳдуд кардани дастрасӣ ба торнамоҳои алоҳида дар ҳолест, ки басташавии сомонаҳо дар Тоҷикистон дигар ба як кори маъмулӣ табдил шудааст ва дар ҳоли ҳозир ҳам баъзе аз сомонаҳо, мисли “Азия-Плюс”, Радиои Озодӣ ва «Озодагон» тариқи Интернети аксар ширкатҳо баста ҳастанд.

Дар ҳоле, ки мақомот ҳамоно хомӯширо ихтиёр кардаанд, як баёнияи ширкати аврупоии TeliaSonera дар моҳи ноябри соли 2015 зоҳиран ба ин савол посух медиҳад. Ин ширкати мухобиронӣ дар сомонаи расмии худ иқрор карда буд, ки онҳоро барои дастнорас кардани баъзе аз торнамоҳо "маҷбур мекунанд".

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG