Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 23 сол то ҳабси абад. Эълони ҳукми ёрони Ҳоҷӣ Ҳалим


Додгоҳи олии Тоҷикистон паси дарҳои баста ҳукми чанде аз ёрони Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро эълон кардааст. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳукми се тани онҳо барои Радиои Озодӣ маълум аст.

Бар асоси иттилое, ки тавассути наздикони маҳкумшудаҳо рӯзи 13 июн ба мо расид, Додгоҳи олӣ Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаевро ба ҳабси абад маҳкум карда, Амрулло Нуровро 23 сол аз озодӣ маҳрум намудааст. Номи Амрулло Нуров дар гузашта тавассути ҳамсараш Дилбар Гургова расонаӣ шуда, чанде пештар намояндаи додситонӣ барояш 15 соли зиндон хоста буд.

Номи маҳкумшудаҳои дигари табаддулоти нокоми Ҳоҷӣ Ҳалим ва чанд сол зиндонӣ шудани онҳо маълум нест. Ин ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуда, аммо ба далели пӯшида будани мурофиа хабараш дертар ба расонаҳо роҳ ёфтааст. Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс" бо такя ба манобеи худ мегӯяд, ки ин ҳукм рӯзи 10 июн содир шуда, дар маҷмуъ нуҳ тан аз пайравони Ҳоҷӣ Ҳалим ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Афроди Ҳоҷӣ Ҳалим асосан барои даст доштан дар талоши табадуллоти моҳи сентябри соли гузашта айбдор шудаанд. Дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода 17 тан аз нирӯҳои интизомӣ ва 25 тан аз аъзои он гурӯҳ кушта шуданд.

Ҳукми афроди Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҳоле содир шудааст, ки пештар Додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро барои 22 сол равонаи зиндон кард. Бахтиёр Назаров, фарзанди 28-солаи Абдуҳалим Назарзода ба "даъвати оммавӣ ба хотири тағйири сохти конститутсионӣ", "даъват барои бетартибиҳои оммавӣ" ва талоши "барқасдона хабар надодан аз ҷинояти мудҳиш" гунаҳкор эълон шуд.

Худи Абдуҳалим Назарзода рӯзи 16 сентябри соли 2015 бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш дар дараи Ромит кушта шуд ва асрори табадуллоти номуваффақи моҳи сентябрро, ки мақомоти кори дасти ӯ ва раҳбарияти ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ медонанд, бо худ ба гӯр бурд. Мақомот ба дунбол беш аз дусад нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт карданд.

Абдуҳалим Назарзода пас аз сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сидарсадӣ миёни ҳукумат ва мухолифин ба кор дар Вазорати дифоъ гузашт.

Вай аз ду ҳамсар чаҳор фарзанд, се писар ва як духтар дошт. Писаронаш Бахтиёр, Иброҳим, Муҳаммад ва духтараш Файзигул Назарова пас аз исёни падараш боздошт, вале пас аз се рӯз раҳо шуданд. Ҳоло се фарзанди Абдуҳалим Назарзода дар озодӣ ба сар мебаранд, вале фарзанди бузургаш барои 22 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

XS
SM
MD
LG