Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парванда алайҳи муовин ва менеҷери корхонаи заршӯии "Зарафшон"


Алайҳи ду раҳбари корхонаи истихроҷи тиллои "Зарафшон" барои "саркашӣ аз супоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ", парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар нисбати муовини раҳбари корхонаи муштараки "Зарафшон"-и Панҷакент Бобо Бобохонов ва менеҷери ҳамин корхона Қобил Турсунов тибқи моддаи 292, қисми 2 банди "б" Кодекси ҷиноятӣ, парванда оғоз кардааст.

Як манбаъ аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти Суғд дар моҳи январи соли гузашта дар корхонаи истихроҷи тиллои "Зарафшон"-и Панҷакент санҷиш гузаронида, ин ширкатро барои ҷойгир кардани партовҳо ва ифлос намудани муҳити зист дар соли 2014, ба пардохти 13 370 917 сомонӣ муваззаф намуда буданд.

Ба гуфтаи манбаъ, аммо муовини раҳбари ин корхона Бобо Бобохонов ва менеҷери шӯъбаи бехатарӣ ва экологии ҳамин ширкат Қобил Турсунов ба ҳадафи саркашӣ аз супоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ, барои ин пардохтҳо ба маблағи 561 ҳазору 726 сомонӣ санад тартиб дода ва дар он ҳисоб, маълумоти таҳрифшуда дар мавриди паст будани гурӯҳи хатарнокии партовҳо ва коэфисентҳои истифодашавандаро ворид кардаанд ва сипас бо раҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сари ин ҳисоб ба мувофиқат расиданд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, тибқи нишондодҳо дар бораи ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист, барои ин гуна партовҳо коэфисенти нисбатан баланд муқаррар карда шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар пайи ташхиси мутахассисони Оҷонсии назорати молиявии давлатӣ ва коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси додгоҳӣ-ҷиноии вазорати адлия маълум гардид, ки дар таркиби ин партовҳо элементҳои кимиёвии Мис (Cu), Рух (Zn), Мишяк (As) Стронсий (Sr), Колбалт (Co) ва Никел (Ni) мавҷуд мебошанд, ки ба партовҳои хатарноки гурӯҳи 4-ум шомил мешаванд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки пас аз ин ташхис ва дар ҷараён тафтиш, маблағи сездаҳ миллиону сесаду ҳафтод ҳазору нуҳсаду ҳабдаҳ сомонӣ аз тарафи корхонаи муштараки "Зарафшон" ба будҷаи давлат баргардонида шуд. Ҳамин тариқ алайҳи ин ду раҳбари корхонаи "Зарафшон" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ин ду мақоми корхонаи муштараки тилои Тоҷикистон-Чин бо номи "Зарафшон" дар Панҷакент ба иттиҳоми саркашӣ аз пардохтҳо дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта Кумитаи андоз суратҳисоби ин ширкатро бинобар пардохт нашудани 200 миллион сомонӣ маблағҳои андоз баста шуд. Суратҳисоби ин корхона танҳо ду моҳ баъд аз басташавӣ ва баъд аз пардохти маблағҳои андоз, боз шуданд ва беш аз ду ҳазор коргар музди думоҳаи худро дарёфт карданд.

Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар соли 1994 бо сармояи ширкати "Commonwealth&British Mineral Ltd"-и Бритониё дар заминаи корхонаи истихроҷи тилои даврони шӯравии пешин дар ноҳияи Панҷакент таъсис шудааст, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG