Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латту кӯби гурӯҳии як сокини Рӯдакӣ (ВИДЕО)


Сӯҳроб Муҳаммадюсуфов баъди берун омадан аз шуъбаи эҳё
Сӯҳроб Муҳаммадюсуфов баъди берун омадан аз шуъбаи эҳё

Маъмурони милиса як гурӯҳе аз ҷавонони ноҳияи Рӯдакиро ҷустуҷӯ доранд, ки Сӯҳроб Муҳаммадюсуфов, сокини 34-солаи ноҳияро бераҳмона латукӯб ва захмӣ кардаанд.

Намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии рақами якуми Рӯдакӣ рӯзи 10 июн гуфтанд, ки ду гумонбари ин латту кӯби гуруҳӣ боздошт шудаанд ва ба далели он ки тафтишот ҳанӯз идома дорад, наметавонанд исми онҳоро ошкор кунанд. Ангезаи ин латту кӯби Сӯҳроб Муҳаммадюсуфов низ гуфта нашудааст, ҳарчанд ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса сабаби ҷанҷол даъво барои ҷойи кори Сӯҳроб аст, ки ба ҳайси "чекчин" кор мекунад.

Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода, додситони ноҳияи Рӯдакӣ, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, танҳо тафтишот сабабҳои ин латту кӯбро ошкор карда метавонад ва онҳо низ то поёни таҳқиқ мунтазир хоҳанд монд. "Аммо дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи “авбошӣ”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст," – афзуд ӯ.

Латту кӯби гуруҳии як сокини Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Пайвандони Сӯҳроб Муҳаммадюсуфов мегӯянд, латту кӯби ин ҷавони 34-сола аз сӯи як гуруҳ шомгоҳи 6 июн рух дода, вай чаҳор рӯз боз дар бемористони марказии ноҳияи Рӯдакӣ бистарист. Вай писари ягонаи хонавода буда, ба қавли наздиконаш дар як таваққуфгоҳи мусофирбарҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад ва рӯзона ҳамагӣ аз 20 то 30 сомонӣ фоида мегирад.

Барнохон Муҳаммадюсуфова, яке аз наздикони Сӯҳроб, рӯзи 10 июн гуфт, ӯ тасодуфан шоҳиди латту кӯби ҷиянаш шуда ва аммо тани танҳо натавонистааст ӯро наҷот диҳад. "Одами зиёд ҷамъ шуда буд, вале касе барои наҷот доданаш талош накард. Вақте Сӯҳроб дар хун оғӯшта шуд ва аз ҳаракат монд, ҳамлагарон ӯро раҳо карда ва ба ҳар тараф гурехтанд" – нақл кард ӯ.

Муҳаммадюсуфова мегӯяд, чун дар ҷои ҳодиса буд, чанде аз латту кӯбгаронро шинохтааст, ки ба қавли ӯ дар миёнашон Мустақим Аминов – сармурабии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва бародару шогирдонаш ҳам будаанд. Ин иттилоъро то ҳол мақомоти тафтишотӣ таъйид ё такзиб накарданд. Худи Мустақим Аминов дар сӯҳбат бо Озодӣ иштирокаш дар ин латту кубро рад кард, вале гуфт, ки дертар ба ҷои ҳодиса омадааст.

Мустақим Аминов, фарзияи иштирокаш дар ин латту кӯбро туҳмат хонд ва афзуд, "агар ягон касро мезадам, ҷинояткор мебудам, магар ҳоло дар озодӣ будам?"

Абдулло Сатторов, раҳбари шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, чунин овозаҳо ҳастанд ва ӯ барои таъйиди ин сарусадо ва ангезаи латту кӯби гурӯҳӣ хостааст бо Мустақим Аминов аз наздик гуфтугӯ кунад. Саторов гуфт, "чанд бор занг задам ва ӯ гуфт, ки дар додситонӣ ҳасту баёнот менависад. Барои ҳамин, то ҳол аз наздик дида натавонистам. Ӯ дар ноҳия панҷ сол боз раҳбари Мактаби варзишӣ ва захираҳои олимпӣ низ ҳаст."

Пайвандони Сӯҳроб Маҳмадюсуфов мегӯянд, ин бори аввал нест, ки ин гурӯҳ ба ҷавонони ноҳия ҳамла мекунанд. Онҳо мегӯянд, то ин дам ин афрод аз ҷавобгарӣ дар канор монда ва ин дафъа низ хафв доранд, ки аз об хушк хоҳанд баромад.

Пизишкон мегӯянд, ки Суҳробро тоза ӯро аз шӯъбаи эҳё берун овардаанд. Бар асоси як наворе, ки дастраси Озодӣ шуд, Сӯҳроб баъд аз латту кӯб дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта ва осори мушту лагад ва лабони даридааш дида мешаванд.

XS
SM
MD
LG