Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 мағлуб кард. Ин бозӣ шаби панҷшанбеи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз ҳашт ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 19-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро боз ҳам Эргашев дар дақиқаи 30-юм ба ҳадаф расонд. Голи севумро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 33-юм вориди дарвозаи меҳмонон кард. Ду голи дигарро дар нимаи дувуми бозӣ Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 49-ум ва Умедҷон Шарифов дар дақиқаи 72-юм заданд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:

Тоҷикистон: 16. Алишер Додов, 4. Эраҷ Раҷабов, 6. Давронҷон Эргашев (12. Сиёвуш Асроров, 81). 17. Умедҷон Шарифов, 8. Нуриддин Давронов (капитан), 10. Ҷаҳонгир Эргашев, 11. Амирбек Ҷӯрабоев, 18. Фатҳулло Фатҳуллоев (5. Нозим Бобоҷонов, 69). 19. Аҳтам Назаров, 20. Парвизҷон Умарбоев (15. Эҳсони Панҷшанбе, 77). 21. Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов (Русия).

Бангладеш: 22. Шаҳидул Алам, 2. Райҳан Ҳасан, 4. Топу Барман, 6. Ҷамол Буян, 7. Ҷевел Рана, 8. Мамунул Ислом (капитан), 9. Муҳаммад Зибан, 10. Шаҳедул Алам (13. Мунаим Хан, 59), 12. Насирул Ислом (18. Мамун Мия, 80), 14. Файсал Маҳмуд (11. Соҳил Рана, 46), 17. Арифул Ислом.

Сармураббӣ: Де Кроиф (Ҳолланд).

Огоҳонида шуданд: Солеҳ Рана, 48, Ҷамол Буян, 76, Мунаим Хан, 83 (ҳарсе аз тими Бангладеш).

Доварони ин бозӣ бо сарварии довари ФИФА Ҳанна Ҳаттаб аз Сурия буданд.

Бояд гуфт, ки ин бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе Игор Черевченко, сармураббии “Локомотив”-и Маскави Русия, собиқ узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон тамошо кард. Ӯ ба зодгоҳаш барои ширкат дар мусобиқоти футболбозони наврас ба хотираи падараш Геннадий Черевченко, собиқ ҳимоятгари дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе, омадааст.

Натоиҷи бозиҳои дигари плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 2 июн баргузор шуданд, чунин аст:

Тайван – Камбоҷа – 2:2

Молдив – Яман – 0:2

Малайзия – Тимори Шарқӣ – 3:0

Лаос – Ҳиндустон – 0:1

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 7 июн баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Бангладеш дар шаҳри Дакка бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” бо ҳам ду бозӣ анҷом дода буданд. Бозии аввал 16 июни соли гузашта дар Дакка бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.Дар бозии ҷавобӣ 12 ноябри соли гузашта футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст доданд.

Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи аввали плей-офф даҳ дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳилаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳилаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳила се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳилаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳилаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Аз 11 дастаи марҳилаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.

Марҳилаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019:

Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Камбоҷа – Тайван

Яман – Молдив

Тимори Шарқӣ – Малайзия

Ҳиндустон – Лаос

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG