Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхис: Хонандагони Сӯфиён аз "хлориди фосфор" беҳуш шудаанд


Мактаби рақами 104-и шаҳри Ваҳдат
Мактаби рақами 104-и шаҳри Ваҳдат

Маркази пизишкӣ-додгоҳии Тоҷикистон сабаби беҳушшавии 11 талабаи мактаби деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдатро дар чаҳор рӯзи пеш маълум кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар таркиби хуни ду талабаи мактаби Сӯфиён моддаи кимиёвии заҳрноки "хлориди фосфор" ё пайвастагиҳои фосфордор, мисли доруи зидди ҳашаротро кашф намудаанд.

Масъулони беморхонаи рақами 4-и пойтахт, ки ду талабаи мактаби Сӯфиён дар онҷо бистарӣ буданд, ба Озодӣ гуфтанд, ки "агар ин талабаҳо зуд ва саривақт дуруст табобат мегирифтанд, кор то чанд рӯз намекашид." Маҳмадулло Ғоибзода ва Раҳматулло Зиёев баъди ду рӯзи табобат дар бемористони рақами 4 ба назди пайвандонашон баргаштаанд.

Бо вуҷуди маълум кардани сабаби беҳушшавии 11 талаба аз тарафи Маркази пизишкӣ-додгоҳии Тоҷикистон пурсида мешавад, ки чигуна бо доруи кимиёвии зидди ҳашарот инсон то чанд рӯз беҳуш бимонад? Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар посух ба ин суол гуфт, “агар ин навъи доруҳо аз андоза бештар истифода шаванд, таъсири сахт ба инсон мегузоранд.”

Вале то ин дам мақомомоти додситонии шаҳри Ваҳдат, ки таҳқиқи қазияи беҳушшавии 11 талабаи мактаби Сӯфиёнро ба уҳда дорад, дар ин замина ибрози назар накардааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳам мегӯяд, ҳақиқати ин қазияро таҳқиқи додситонӣ маълум хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъаи 27 май ёздаҳ хонандаи мактаби Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз ҳуш рафта, баъдан барои ташхис ба бемористон интиқол ёфтанд. Шоҳидон мегӯянд, ки ин ҳолат баъди бӯидани гули садбарги саҳни ҳавлии мактаб рух дода, дар пайи он таътил эълон шуда буд. Аммо пас аз чор рӯзи истироҳат дари мактаб дубора боз шуда, аз ҷумла хонандагоне, ки аз ҳуш рафта буданд, ба таҳсил оғоз кардаанд.

НАҚЛИ ШОҲИДОН

Муқим Ҷумъаев, омӯзгори мактаби рақами 104-и деҳаи Сӯфиён мегӯяд, тамоми ҳодиса аз бӯидани гули садбарг оғоз ёфтааст. Ӯ бо ишора ба гулҳои садбарги даромадгоҳи мактаб гуфт, талабаҳо субҳи барвақт ин гулро бурида, бо худ ба синфхона даровардаанд ва баъди чанде аз ҳуш рафтаанд.

"Аввал, як хонандаи синфи 10 баъди бӯидани гул дар рӯи миз хобаш бурдааст. Баъди ӯ боз як нафари дигар аз ҳуш рафтаст ва нафари дигар низ ба кумаки ин духтар омада, ӯ ҳам аз ҳуш рафтааст. Як талабаи дигарро 100 метр дуртар аз мактаб пайдо кардем," – нақл кард ӯ.

Муқим Ҷумъаев гуфт, онҳо аввал табибони маҳаллаашонро ба кумак даъват карда, сипас, талабаҳоро ба бемористон бурдаанд: "Сабаби ба ин ҳолат гирифтор шудани онҳо то ҳол норӯшан аст. Кормандони додситонӣ ва умури дохилӣ омада ва бо худ як даста гулро барои ташхис бурданд." Ин омӯзгор бо назардошти беҳуш шудани даҳҳо талаба дар мактаби Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ ноҳияи Шӯрообод, баъди истифодаи доруи зидди пашша дар синфхонаҳо гуфт, деҳаи Сӯфиён хомӯшаку пашша надорад ва ҳеч гуна доруи кимиёвӣ дар синфхонаҳо ва ё дар атрофи мактаб истифода нашудааст.​

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нақли шоҳидон дар бораи аз ҳуш рафтани хонандагони Сӯфиён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

Миҷгона Зиёева, талабаи синфи 11-ум, ки ҳангоми кумак ба дугонааш ба беморхона бурда шудааст, мегӯяд, ҳоло вазъаш беҳтар аст, вале агар зери офтоб барояд, сараш ба сӯзиш медарояд. "Он рӯз дастонам сӯзиш карданд ва сарам гаранг шуд. Ман гулро бӯй накарда будам, балки ба дугонаам, ки гулро канда ва аз ҳуш рафта буд, кумак кардам. Дарҳол мадҳуш шудам ва баъди ёрии духтурон ҳолам каме беҳтар гардид," – гуфт Миҷгона.

Ин хонандаи мактаб афзуд, як корманди пулис, ки барои гирифтани баёнот омада буд, низ дар вақти суолу ҷавоб эҳсоси зафъ карда ва ба дари сар гирифтор шудааст.

"ТО ҲОЛ ФАРЗАНДАМ БА ХУД НАОМАДААСТ"

Маҳмадулло Ғоибзода
Маҳмадулло Ғоибзода

Хайрулло Ғоибов, омӯзгори дигари мактаби Сӯфиён, фарзандаш Маҳмадулло - талабаи синфи 10-умро дар ҳоле ба беморхонаи пойтахт овард, ки табибони маҳаллаашон натавонистанд саргиҷии ӯро рафъ кунанд. Ҳолати Маҳмадулло ҳамчунон вахим буда, ӯ озодона роҳ гашта наметавонад. Ғоибов гуфт, "ба беморхонаи ноҳия бурдем, онҳоро то бегоҳ нигоҳ доштанд ва бидуни он ки ташхис кунанд, ҷавоб доданд. То ҳоло фарзанди ман ба худ наомадааст, рӯи по истода наметавонад."

Ҳамин тавр, аз 11 талабаи мактаби Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат, вазъи саломати 9 нафари онҳо рӯ ба беҳбуд овардааст ва ду нафари дигар ҳоло дар беморхонаи рақами 4-и шаҳри Душанбе бистарӣ ҳастанд. Вале то замоне ки ин гузориш омода мешуд, сабаби беҳуш шудани талабаҳо ҳанӯз дақиқ нагардидааст.

XS
SM
MD
LG