Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Сомон” дар Данғара


“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ бар “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ бар тими “Сомон”-и Данғара, пешсафи лигаи дувуми футболи Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон, бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ин бозӣ бегоҳи рӯзи сешанбеи 24 май дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара баргузор шуд.

Ду голи “Истиқлол”-ро Шериддин Бобоев ба ҳадаф расонд. Боз як голро Самандар Шарифов, бозигари “Сомон”, ба дарвозаи дастааш зад. Голҳои “Сомон”-ро Шараф Саидов ва Хуршед Халилов (аз ҷаримаи 11-метрӣ) ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд.

Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 25 май ба “Озодӣ” гуфт, “иди футбол, ки дар он дӯстӣ пирӯз шуд, дар ноҳияи Данғара бо мақсади маъруфияти футбол дар манотиқи кишвар ва ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Пеш аз бозии дӯстона консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор шуд.”

Бозии санҷишӣ

«Сомон» (Данғара) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:3

Голҳо: Шериддин Бобоев, 14 (0:1). Шараф Саидов, 36 (1:1). Шериддин Бобоев, 51 (1:2). Самандар Шарифов, 83 – ба дарвозаи худ (1:3). Хуршед Халилов, 89 – аз пеналтӣ (2:3).

«Сомон» (Данғара): Маҳмуд Ҷӯраев, Нурулло Муродзода, Самандар Шарифов, Хуршед Халилов, Амир Маҷидов (Суҳайлӣ Валиев, 65), Шараф Саидов, Диловар Саидов, Анӯшервони Қобилҷон (Диловар Қодиров, 72), Фурқат Холбобоев (Айниддин Раҳимов, 55), Бахтовар Наҷмиддинов, Алишер Баротов.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич (Қурбоналӣ Бобоев, 39), Сиёвуш Асроров (Давронҷон Эргашев, 46), Дэвид Мауто, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Петро Ковалчук, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 46), Шериддин Бобоев.

Огоҳонида шуд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарин: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

24 май. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

XS
SM
MD
LG