Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Маскав 7 тоҷикро ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард


Муҳокимаи қочоқбарони тоҷик дар Додгоҳи Маскав

Муҳокимаи қочоқбарони тоҷик дар Додгоҳи Маскав

Дар Додгоҳи шаҳри Маскав баррасии парвандаи гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ анҷом шуда ва нисбати аъзои ин гурӯҳ ҳукм эълон гардидааст. 7 узви ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Маскав, рӯзи панҷшанбеи 12 май ин додгоҳ ҳукми 8 узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро эълон кардааст. Додгоҳ Мирзоалии Эмомалӣ ва Сӯҳроб Тағоевро дар таъсиси гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ва Алӣ Мирзоев, Эраҷ Одинаев, Фирӯз Сафоев, Сӯҳроб Исмоилов, Лилия Гулова ва Алишер Абдурасулзодаро дар ширкат дар гурӯҳ муттаҳам кардааст.

Ҳамчунин, ҳамаи муттаҳамон гуноҳи тайёр ва қочоқи маводи мухаддирро ба ӯҳда гирифтаанд.

Як корманди дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Маскав рӯи ҷумъаи 13 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 7 марди узви ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Лилия Гулова шаҳрванди Русия будаанд.

Дар баёнияи матбуотии ин манбаъ омадааст, дар соли 2014 афроди номаълуми сокинони Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Маскав гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбарони маводи мухаддирро таъсис дода ва дар шаҳрҳои Маскав, вилоятҳои Белгород, Смоленск ва Твер ба миқдори зиёд маводи мухаддирро ба фурӯш расондаанд.

Мирзоалии Эмомалӣ ва Сӯҳроб Тағоев раҳбарии ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро ба ӯҳда доштаанд. Аъзои ин гурӯҳ бастабандӣ карда ва барои бештар шудани вазни маводи мухаддир ба он хокаи ҷойи кӯдаконаро ҳамроҳ мекарданд.

3 сентябри соли 2014 кормандони Хадамоти федероли назорат бар маводи мухаддири Русия дар ҷараёни як амалиёт аъзои ин гурӯҳро боздошт ва дар маҳали ҳодиса миқдори зиёди маводи мухаддирро кашф ва мусодира карданд.

Додгоҳи шаҳри Маскав Сӯҳроб Тағоев ва Мирзоалии Эмомалиро мутаносибан ба 17 ва 15 сол зиндон маҳкум кардааст. Аъзои дигари ин гурӯҳ аз 9 то 11 сол равонаи зиндон шудаанд.

Дар назар аст, 7 узви марди гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ муддати ҷазоро дар колонаи ислоҳотии низомаш сахт ва Лилия Гулова дар колонаи ислоҳотии низомаш умумӣ адо хоҳанд кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки маҳкумшудагон дар муддати 10 рӯзи муқарраршуда аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд ё не.

Масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин қазияро пайгирӣ хоҳанд кард.

Мавориди боздошт ва муҳокимаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ҳодисаи тозае нест.

Рӯзи 22 марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Елетски вилояти Липетски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ба муддати 10 солу 8 моҳ равонаи зиндон кард.

Дар моҳи гузашта дар шаҳри Ногински вилояти Маскав командони пулис дар чердаки хонае, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебурд пинҳонгоҳеро бо 17 килограмм ҳероин ошкор карданд.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, ҳудуди 28 ҳазор аз маҳбусони зиндонҳои ин кишварро хориҷиён ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи чоряки ин маҳбусони хориҷӣ, ё 7786 нафар, бино ба омори соли 2015, зодагони Тоҷикистон будаанд. Тоҷикон дар Русия аксаран бо ҷароиме марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва ё тақаллуби аснод маҳкум ба зиндон мешаванд. Гуфта мешавад, нисфи зиндониҳои тоҷик дар зиндонҳои Русия маҳз бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддири сохти Афғонистон маҳкум шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG