Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Филиппин


Моҳрӯ Ҳалимова

Моҳрӯ Ҳалимова

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо WTF дар Филиппин ду медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо WTF, ки дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ - ба даст оварданд. Дар ин бора ба “Озодӣ” Исматулло Хоҷаев, раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, рӯзи 28 апрел хабар дод.

Оқои Хоҷаев гуфт, ки дар мусобиқаи қитъавӣ беш аз 540 варзишгар аз 34 кишвари қора ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон чаҳор варзишгар – Фарҳод Неъматов (-80 кг), Алишер Гулов (+80 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (+73 кг) ва Фарзона Раҷабова (+49 кг) - дохил буданд.

Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати занон дар вазни беш аз 73 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали дувумро ба Тоҷикистон Фарҳод Неъматов овард. Ӯ дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Филиппин баъди анҷоми сабқати интихобӣ дар риштаи таэквондо WTF барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд. Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик Алишер Гулов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 кило ва Моҳрӯ Ҳалимова дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд.

Вале дар мусобиқоти интихобӣ дар Филиппин танҳо мардону заноне, ки ҷойҳои 1-2-юмро гирифтанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд. Варзишгарони тоҷик бошанд, дар ин намуд аз охирин имконияти худ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 маҳрум шуданд.

Дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар ин ришта ду нафар – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов – намояндагӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG