Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додхоҳии занони Қалъаи нав аз Озода Раҳмон


Таҷаммӯъи пайвандони ҷавонони боздоштшуда дар назди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар моҳи март

Таҷаммӯъи пайвандони ҷавонони боздоштшуда дар назди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар моҳи март

Як гурӯҳ занон аз ҷамоати Қалъаи нави Роғун бо муроҷиат ба Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, хостори мусоидат дар раҳоии фарзандонашон шудаанд.

Як гурӯҳ занон аз ҷамоати Қалъаи нави Роғун бо муроҷиат ба Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, хостори мусоидат дар раҳоии фарзандонашон шудаанд. Ин гурӯҳ, ки даҳ нафаранд, субҳи 25 апрел ба назди Қасри Миллат омада ва хостанд, то номаи дастиҷамъии худро ба раҳбари дастгоҳ супоранд.

Онҳо умед доранд, ки бо дахолати Озода Раҳмон қазияи боздошти писаронашон ҳалли мусбати худро пайдо хоҳад кард.

Хосият Олимова, модари Абдумаҷид Шафиев, ҷавоне, ки 8 марти соли ҷорӣ аз ҷониби ниҳодҳои интизомӣ боздошт шудааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "писарам танҳо ноновари хонадон аст. Соати 8 шаб аз манзилам гирифта ва бурдандаш. 3 фарзанд дорад. Вай ҷавони хуб аст, беозор аст. Ҳеч гуноҳ надорад. Аз Озода Раҳмон хоҳиш дорам, то ба доди мо бирасад. Дигар умедворе надорем".

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 март бо нашри як иттилоия қазияи боздошти бархе аз сокинони шаҳри Роғун аз сӯи пулисро шарҳ дод. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бархе аз ин сокинони Роғун барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ-экстримистӣ боздошт шудаанд ва иддае дигарро барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, даъват кардаанд.

Мақомоти ВКД таъкид кардаанд, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти пулис ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, "баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона шудааст."

Ин дар ҳолест, ки субҳи 9 март пайвандону наздикони гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори озодии онҳо шуданд.

Ҳанӯз шумори дақиқи боздоштшудаҳо маълум нест, вале хешутаборашон иддао доранд, ки онҳо даҳҳо нафар ҳастанд. Дар миёни боздоштшудаҳои шаҳри Роғун имомхатиби деҳаи Қалъаи нав ва табиби ин маҳалла низ будаанд.

Хештутабори гумонбарон мегӯянд, ки аз баъзе хонаводаҳо ду-сенафарӣ боздошт шудаанд.​ Зӯҳро Ҷӯраева, як тан пайвандони ҷавонони боздоштшуда ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми ибодат дар масҷиди деҳа кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду писар ва як набераи ӯро дастгир карда ва ба шаҳри Душанбе овардаанд.

То ҳол маълум нест, ки иллати боздошти ин нафарон танҳо шеваи намозгузории дур аз мазҳаби ҳанафӣ аст ва ё мақомот онҳоро дар ҷурмҳои дигар низ муттаҳам медонанд. Аммо қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ташаббуси таъсиси гурӯҳи "Фаъолон" дар масҷидҳои Тоҷикистон хабаре пахш кард.

Дар ин хабар гуфта мешуд, масъулони Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шеваи ғайриҳанафии намозгузорӣ дар масҷидҳои кишвар гурӯҳҳои назоратӣ таъсис шаванд ва ба ҳайати он ҳамчунин намояндагони ҳифзи ҳуқуқ шомил шаванд. Пешинҳод ин аст, ки гурӯҳи "Фаъолон" ҳаққи боздошти афроди мавриди шубҳаро дошта бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ва экстремистӣ нигарон буда, дастурҳоеро дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд содир кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG