Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати футболи духтарони Осиё дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони то 14-сола баргузор мешавад.

Дар Тоҷикистон аз 26 апрел то 1 май барои аввалин бор сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони то 14-сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтаронаи Бангладеш, Бутан, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Эрон (26 апрел), Бутан (27 апрел) ва Қирғизистон (28 апрел) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар майдони Академияи «Истиқлол» воқеъ дар Алмосии Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешаванд.

Бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дар майдони варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе барпо мегарданд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давра аз рӯи системи даврӣ баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 30 апрел дар Алмосӣ ва Душанбе сурат мегиранд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум талош меварзанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 1 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад, рақобат мекунанд.

Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ ғолиб ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан бо медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Ҷоиза барои бозии боадолат - «Fair Play» - ба яке аз дастаҳо супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигар ва беҳтарин нишонзани мусобиқа бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби духтаронаи кишвар омодагиро ба сабқати минтақавӣ дар шаҳри Норак шуруъ кард. Зебо Гасимова, сармураббии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U- 14), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 18 бозигар – 3 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ба рӯйхати комили даста бозигарони зерин дохил шудаанд:

Дарвозабонҳо: Зиёда Ғафурова, Муаттара Раҳматуллоева, Шукронаи Азимзода;

Ҳимоятгарон: Нилуфар Абдулҳаева, Шарқия Бадалова, Шаҳноза Ғафурова, Нӯшини Пайрав, Парвина Юсуфова;

Нимҳимоятгарон: Зебонисо Абдуллоева, Шукрона Хоҷаева, Лайло Насрулло, Суман Қурбонова, Гулшан Сафарова, Мафтуна Тоҷиева;

Ҳамлагарон: Матлубаи Даминзода, Дилноза Мадисоева, Муҳайё Рафиева, Саёҳат Раҷабова.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар Норак то рӯзи 22 апрел идома хоҳад кард. Рӯзи якшанбеи 24 апрел даста ба Академияи “Истиқлол” меояд ва ба аввалин бозии мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё муқобили мунтаби Эрон омодагӣ мегирад.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

26 апрел (сешанбе)

Тоҷикистон – Эрон

13:00 – Қирғизистон – Бутан. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Тоҷикистон - Эрон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Ҳиндустон – Бангладеш. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

13:00 – Эрон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бутан – Тоҷикистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Непал – Ҳиндустон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – 1 «В» – 2 «А». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бозии ниҳоӣ. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

XS
SM
MD
LG