Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оилаи Маҳмадҷоновҳо дар Ӯши Қирғизистон аз намояндагони миллатҳои гуногун, мисли қирғизу узбак ва қазоқ иборат аст. Онҳо мегӯянд, ишқ дар оила муноқишаи миёни миллатҳоро аз байн мебарад.

Саида Маҳмадҷонова, зодаи Узбакистон, тақрибан ними умрашро дар шаҳри Ӯши Қирғизистон гузарондааст. Саида мегӯяд, ки се даҳсола пеш ишқи ҷавонӣ ӯро то Қирғизистон бурд ва дигар раҳояш накард. Ҳоло ӯ озодона бо забони қирғизӣ ҳарф мезанад, кор мекунад ва набераҳояшро ҳам бо ин забон алла мегӯяд.

Барои шаҳри Ӯш, ки ҳамагӣ панҷ сол қабл якчанд моҷароҳои хунини қавмиро аз сар гузаронд, оилаи иборат аз миллатҳои гуногуни Маҳмадҷоновҳо намунаи ибрат аст. Хонум Саида ҳадс мезанад, ки шояд ишқи ӯву шавҳараш сабаб гашт, то фарзандонашон низ ба роҳи онҳо бираванд ва қолабҳои шахшударо шикаста, аз дигар миллат барои худ ҳамсар интихоб кунанд.

Саида Маҳмадҷонова

Саида Маҳмадҷонова

"Писари калониам инҷо бо ҳамсари қазоқаш аст. Писари дуюмам ҳамсари қирғиз интихоб кард. Фикр мекунам, шахси оқил ҳеҷ вақт дар масъалаи қавму миллат фикр намекунад," - мегӯяд ӯ.

Умаралӣ Маҳмадҷонов, сарвари ин хонавода, бист сол дар идораи додситонӣ фаъолият кардааст. Ҳоло ӯ бо ҳамсараш ҳамкор аст ва ҳарду дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунанд.

Умаралӣ Маҳмадҷонов мегӯяд, барои издивоҷ бо Саида ризояти волидонашро интизор нашуда, бараъкс, пеши онҳо шарт гузоштааст, ки агар ӯ нашавад, пас, ҳеч каси дигар намешавад. "Мардумеро, ки миёни миллатҳо сарҳад мегузоранд, намефаҳмам. Ин нодуруст аст. Ҳамаи мо инсонем, як дин дорем, забонҳоямон монанд аст. Чизе барои тақсим кардан ҳам надорем," -таъкид кард Маҳмадҷонов.

Дар хонаи ин оилаи сермиллат армуғони кишварҳои гуногун дида мешавад. Саида Маҳмадҷонова мегӯяд, дар китобхонаи онҳо ба ҷуз аз китобҳои қирғизиву узбакӣ, ҳамчунин русӣ ҳам ҳаст, зеро онҳо бо ин се забон суҳбат мекунанд. Ҳамчунин, барои гиромӣ доштани фарҳанги миллӣ, ин соҳибхоназан барои наберааш гаҳвора ҳам харидорӣ намудааст. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ насли имрӯза бештар ба Ғарб тақлид мекунад.

Зоҳиран мардуми шаҳри Ӯш аз муноқишаи мардуми қирғизу узбак ёд намекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки якдилона зиндагӣ кунанд. Ҳамакнун Телевизиони маҳаллии "Ынтымак" барои ин ду миллат барномаҳояшро ба забони узбакиву қирғизӣ пахш мекунад.

Мадина Ахунова, ровии қирғиз, дар ин телевизион бо забони узбакӣ барномаи хабарӣ дорад. Ӯ муддати ду сол мешавад, ки дар онҷо фаъолият мекунад. Мадина мегӯяд: "Имрӯзҳо миёни ҷавонон дигар моҷароҳои миллӣ мушоҳида намешавад. Ба мо муҳим нест, ки шахс аз кадом миллат аст. Ба мо танҳо дӯстиву сулҳ лозим аст."

Шаҳри Ӯш баъд аз Бишкек дувумин бузургтарин шаҳри Қирғизистон ба ҳисоб меравад, ки наздик ба 1 миллион аҳолӣ дорад. Ба ҷуз узбакҳо, ки 48 дарсади аҳолии Ӯшро ташкил медиҳанд, дар онҷо қирғизҳо (43 дарсад) ва мардуми тоҷику тотор ва уйғур низ ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG