Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар бозиҳои даври аввали Лигаи олӣ


Даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон бегоҳи якшанбеи 10 апрел поён ёфт.

Бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 7, 9 ва 10 апрел баргузор шуданд. Дар чор бозӣ мизбонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи имсола 7 апрел бо бозии «Истиқлол»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузуоги 4:0 ба анҷом расид.

Ду голро Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаҳои 38-ум ва 81-ум) ба самар расонд. Ду голи дигарро Сиёвуш Асроров (29) ва Манучеҳр Ҷалилов (85) заданд. Дарвоқеъ, голи Сиёвуш Асроров аввалин голи мусобиқаи имсола ба шумор меравад.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи шанбеи 9 апрел доир шуд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дастаи меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро - бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Голҳои «Хуҷанд»-ро дар ин дидор Дилшод Бозоров (47) ва Саидҷон Шарифов (85) заданд. Голи “Вахш”-ро Нуъмонҷон Ҳакимов (90+5) ба ҳадаф расонд.

Рӯзи шанбе, инчунин «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Давронҷон Тухтасунов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 8-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Фирӯз Қараев (45+1), бозигари мизбонон, пеш аз танаффус ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Регар-ТадАЗ”-ро як дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Бахтиёр Чориев (89) ба ҳадаф расонд.

Ду бозии охирини даври аввал рӯзи якшанбе сурат гирифт. «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард. Дар ин бозӣ аллакай дар дақиқаи 7-ум капитани “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев барои қоидаи бозиро дағалона вайрон кардан аз майдон хориҷ шуд. Вале мизбонон, ки даҳ нафар муқобили ёздаҳ нафар бозӣ карданд, тавонистанд ба дарвозаи меҳмонон чор голи беҷавоб зананд. Ҳисобро Мисиам Иносент, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 42-юм кушод. Баъдан се голи мизбононро легионери дигари «Хайр» Агблей Ҷонес ба самар расонд. Воқеан, ин аввалин хет-трик дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мебошад.

«Ҳосилот»-и Фархор бозиро дар майдони худ бо «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Голҳои «Барқчӣ»-ро Эҳсони Панҷшанбе (26) ва Комил Саидов (64), голҳои “Ҳосилот”-ро Ҳикматулло Расулов (41) ва Акуффо Гершон (80) заданд. Бояд гуфт, ки ҳарду даста бозиро даҳнафарӣ ба охир расонданд. Дар дақиқаи 85-ум барои бадахлоқӣ Акуффо Гершон («Ҳосилот») ва Табрези Давлатмир («Барқчӣ») аз майдон хориҷ шуданд.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 16-17 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе, 16 апрел, ду бозӣ миёни «Равшан» – «Ҳосилот» ва ССКА «Помир» – «Хуҷанд», рӯзи якшанбе, 17 апрел, се бозӣ байни «Истиқлол» – «Барқчӣ», «Вахш» – «Хайр» ва «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» барпо мегарданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ сар аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо шудааст. Ҳамагӣ ҳашт даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Аз ҳама бештар – 7 бор “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, 4 бор “Истиқлол”-и Душанбе, себорӣ “Варзоб”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, дуборӣ “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб ва як маротиба “Динамо”-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои мусобиқотро ба даст овардаанд.

Мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «ПАРВОЗ» – 4:0

Голҳо: Сиёвуш Асроров, 29 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 38 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 85 (4:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Парвизҷон Умарбоев (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 70), Александр Каблаш (Фатҳулло Фатҳуллоев, 18), Акмал Холматов (Ҷаҳонгир Алиев, 70), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Асатулло Нуруллоев, Умед Одинаев (Азиз Шамсиев, 74), Далер Бердиқулов, Бахтиёр Абдураҳмонов, Руслан Таваккалов, Абдумалик Юсуфов, Диловар Бойқузиев (Рустам Домуллоҷонов, 66), Масъуд Раҳимов (Олим Хоҷиматов, 46), Абдураҳмон Қурбонов, Меҳрулло Бобоев.

Огоҳонида шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Парвоз»).

Бозигари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

7 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«ХУҶАНД» – «ВАХШ» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, 47 (1:0). Саидҷон Шарифов, 85 (2:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 90+5 (2:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муъминҷон Гадойбоев, Шероз Сангинов (Саидҷон Шарифов, 77), Манучеҳр Аҳмадов, Ҳоҷибой Зиёев, Илҳом Баротов, Сооҳибҷон Ҳакимов, Шероз Абдуллоев, Руслан Раҳматов (Фирӯз Юсуфов, 88), Дилшод Каримов, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 80).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Муродулло Саидов, Холмурод Назаров, Улуғбек Абдулхайров, Алексей Неъматов, Фирӯз Ризомов, Эҳсон Бобоев, Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев (Собир Холматов, 72), Умедҷон Шарифов, Нуъмонҷон Ҳакимов, Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Илҳом Баротов, Манучеҳр Аҳмадов, Шероз Абдуллоев («Хуҷанд»), Улуғбек Абдулхайров, Нуъмонҷон Ҳакимов («Вахш»).

Бозигари беҳтарин: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе.

9 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи«20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошобин.

«РЕГАР-ТАДАЗ» – ССКА «ПОМИР» – 2:1

Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 8 – аз пеналтӣ (0:1). Фирӯз Қараев, 45+1 (1:1). Бахтиёр Чориев, 89 (2:1).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев (Азиз Бегов, 81), Дороб Эргашев, Бахтиёр Азимов, Сорбон Карамов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Фирӯз Қараев, Комрон Турсунов (Акбар Бобомуродов, 80), Меҳроҷиддин Музаффаров (Нуъмон Зокиров, 80).

ССКА «Помир» (Душанбе): Фатҳулло Бобоев, Сефах Жаке Нана, Фирдавс Чақалов, Комрони Мирзохон, Акмал Сабуров, Комрони Мирзонаҷот, Андох Наполеон (Шарафҷон Солеҳов, 83), Шамсиддин Қосимов, Парвиз Қашқаров, Шодибек Ғаффоров (Фирӯз Раҳматов, 73), Давронҷон Тухтасунов (Рустам Толибов, 82).

Огоҳонида шуданд: Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарин: Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

9 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 3000 тамошобин.

«ХАЙР» – «РАВШАН» – 4:0

Голҳо: Мисиам Иносент, 42 (1:0). Агблей Ҷонес, 56 (2:0). Агблей Ҷонес, 71 (3:0). Агблей Ҷонес, 73 (4:0).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Идибек Ҳабибуллоев, Далер Шарифов, Маҳмадалӣ Содиқов, Вайсиддин Сафаров, Баҳодур Шарифов, Мисиам Иносент (Парвиз Ҳамидов, 83), Мӯҳсин Парпиев (Самад Шоҳзуҳуров, 61), Агблей Ҷонес (Яҳё Муборак, 74).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Сайидамири Сайидаҳмад, Фаридун Рустамов, Музаффар Назаров, Саидхони Амрохон, Абдураҳмон Нозимов, Хуршед Каримов (Аваз Қамчинов, 65), Шаҳром Каримов (Зокир Абдулхайров, 46), Тоҳири Баҳром (Комрони Саидзод, 46), Далер Чолов, Абубакр Азимов.

Огоҳонида шуданд: Агблей Ҷонес, Баҳодур Шарифов («Хайр»), Тоҳири Баҳром, Зокир Абдулхайров, Далер Чолов, Шаҳром Каримов («Равшан»).

Аз майдон хориҷ шуд: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), 7 .

Бозигари беҳтарин: Агблей Ҷонес («Хайр»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

10 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 5500 тамошобин.

«ҲОСИЛОТ» – «БАРҚЧӢ» – 2:2

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 41 (1:1). Комил Саидов, 64 (1:2). Акуффо Гершон, 80 (2:2).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Мӯсо Содиқ, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Иброҳим Рабимов (Хайрулло Азизов, 86), Орзу Додхудоев, Сафаралӣ Каримов, Ҳикматулло Расулов, Абдурасул Раҳмонов, Наврӯз Рустамов (Акуффо Гершон, 71).

«Барқчӣ» (Душанбе): Шаҳром Исмоилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Хуршед Маҳмудов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ҳокимҷон Ҳасанов (Суннатулло Холов, 46), Амирҷон Сафаров, Комил Саидов (Ҳиматулло Малодӯстов, 90+3).

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»), Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Акуффо Гершон («Ҳосилот»), 85 – барои зарба ба рӯи ҳариф, Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), 85 – барои зарба ба шиками ҳариф.

Бозигари беҳтарин: Ҳикматулло Расулов («Ҳосилот»).

Саровар: Насрулло Кабиров (Норак).

10 апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

4-0

3

2

«Хайр» (Ваҳдат)

1

1

0

0

4-0

3

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

2-1

3

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

2-1

3

5

«Барқчӣ» (Душанбе)

1

0

1

0

2-2

1

6

«Ҳосилот» (Фархор)

1

0

1

0

2-2

1

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

0

0

1

1-2

0

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

1-2

0

9

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

0-4

0

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

1

0

0

1

0-4

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Агблей Ҷонес («Хайр») – 3 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 2 тӯб.

Даври 2-юм

16 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Равшан»–«Ҳосилот»

ССКА “Помир” – «Хуҷанд»

17 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Истиқлол»–«Барқчӣ»

«Вахш»–«Хайр»

«Парвоз»–«Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG