Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастдарозии падар ба номуси ду духтари хурдсолаш


Як сокини 47-солаи ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси ду духтари хурдсолаш боздошт шудааст. Яке аз ин кӯдакон 8 ва дувумӣ 11 сол доштаанд.

Додситони Шаҳринав рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, як сокини ҷамоати Боғистони ин ноҳияро бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси ду духтари хурдсолаш боздошт кардаанд.

Раҳмоналӣ Эмомзода, додситони Шаҳринав гуфт, ин қазия дар арафаи Наврӯз ошкор шуд ва нафари гумонбар феълан дар боздошт қарор дорад. Аммо оқои Эмомзода ба далелҳои ахлоқӣ аз ифшои номи нафари дастгиршуда худдорӣ кард.

Раҳмоналӣ Эмомзода гуфт: “Ба хотири ҳифзи обрӯи оила ва кӯдакони ҷабрдида ҳам тафтишот ва ҳам мурофиаи додгоҳӣ махфӣ мегузарад. Чунки агар ин кор овоза шавад, пас он оила чӣ гуна зиндагӣ мекунад? Ё он кӯдакон, вақте ба воя мерасанд, чӣ гуна зиндагӣ кунанд? Мо манфиати ин кӯдакону модари онҳову хешу таборашонро бояд ҳимоя кунем. Фақат ҳамин қадар гуфта метавонам, ки парвандаи ҷиноятӣ ҳаст, он одам дар ҳабс қарор дорад ва тафтишот идома дорад.”

Додситони Шаҳринав аз ироаи ҷузъиёти бештари парванда ва инки ин марди боздоштшуда ба таҷовуз ба номуси духтарони хурдсолаш айбдор мешавад ваё ба ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба онҳо? худдорӣ кард. Дар сурати кирдорҳои бадахлоқӣ таъбир шудани аъмолаш ин мард метавонад то ба 7 соли зиндон, вале дар сурати айбдор шуданаш ба таҷовуз ба номуси духтарони худ, яъне инсест, то 25 соли зиндон ва ҳатто ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Вале дар ин ҳафта ин алакай дувумин мавриди боздошти афрод дар ин ноҳия бо иттиҳомоти кирдорҳои бадахлоқист, ки расонаӣ мешаванд.

Рӯзи 29 март манобеи Озодӣ дар мақомоти интизомии ноҳияи Шаҳринав дар бораи боздошти як омӯзгори 55-сола аз ҳамин ҷамоати Боғистон хабар доданд, ки ба анҷоми "ҳаракатҳои бадахлоқона" нисбати се хонандаи синфҳои поёнии ин мактаб гумонбар мешавад.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Шаҳринав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз тафтиши пурраи қазия ба анҷом нарасидааст ва ҳоло ин омӯзгор дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ба далоили ахлоқӣ аз ифшои шахсияти хонандаҳое, ки мавриди бадрафтории ин омӯзгор қарор гирифтаанд, худдорӣ мекунанд.

В.К., омӯзгори 55-сола тайи даҳ соли охир дар мактаби миёнаи рақами 10-и ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав барои шогирдони синфҳои 1-4, яъне кӯдакони аз 6 то 11-сола таълим медодааст. Ӯ тайи як соли охир нисбат ба чанд тан духтари хурдсол, ки дар синфи ибтидоӣ мехонданд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст. Сокинони ин ҷамоат мегӯянд, В.К. оиладор ва соҳиби фарзанд ҳам будааст.

Алайҳи ин омӯзгор, ки ному насабаш низ то замони анҷоми тафтишот ошкор намешавад, бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, ба додситонии ноҳия ирсол шудааст. Ин модда дар бораи ҳаракатҳои бадахлоқона” бо нафари баръало ноболиғ аст.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахси баръало ноболиғ ё хеши наздик аз ҷониби падару модар, омўзгор ё дигар шахси вазифаи тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад. Вале дар сурати ба “бачабозӣ” гунаҳкор шуданаш ин мардро метавонанд бар асоси моддаи 140 то 20 соли зиндон маҳкум кунанд.

Аммо моддаи 138-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни 14 нарасида ё хеши наздик қонунгузории Тоҷикистон ҳукми сангинтар – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҷазои қатл ваё ҳукми зиндони абадро пешбинӣ мекунад.

БОБИ 18

ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ ҶИНСӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ҶИНСӢ

Моддаи 138. Таҷовуз ба номус

3) Таҷовуз ба номусе, ки;

а) нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик;

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG