Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cабқати зӯртарин паҳлавонон дар Наврӯзи Душанбе


Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти варзишӣ барпо мегардад.

Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон мусобиқоти идона оид ба намудҳои гуногуни варзиш баргузор мешавад.

Ба иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе рӯзи сешанбеи 22 март дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Ғолиби мутлақи ин мусобиқа бо мошини сабукрав сарфароз хоҳад шуд.

Рӯзи чоршанбеи 23 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт пойгаи аспдавонӣ доир хоҳад шуд. Ба ғолиби мутлақи пойга аспи зоти тоҷикӣ тўҳфа карда мешавад.

Бояд гуфт, ки аз буҷаи шаҳрдорӣ барои гузаронидани мусобиқаи гуштии миллӣ 48 ҳазору 400 сомонӣ ва барои пойгаи аспдавонӣ 29 ҳазору 700 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст.

Бахшида ба Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз намудҳои миллӣ, инчунин оид ба навъҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра мусобиқоти идона баргузор мешавад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз 20-уми март то 1-уми апрел дар Душанбе баргузории мусобиқотро дар риштаҳои гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, ҷудо ва таэквондо ВТФ байни наврасону ҷавонон ба нақша гирифтааст.

XS
SM
MD
LG