Кумитаи ҳолатҳои фавулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, зимни як баёния аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки ба далели борандагиҳои шадид аз рӯзҳои 16 то 20 марти соли ҷорӣ аз сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.
Ориф Нозимов, сухангӯи КҲФ, рӯзи чоршанбеи 16 март ба Радои Озодӣ гуфт, дар ҳафтаи ҷорӣ хатари фаромадани тармаю сангрезаҳо дар назар аст ва аз ин лиҳоз ин ниҳод ба сокинони Тоҷикистон тавсия додааст, то "бе зарурият тариқи шоҳроҳҳо сафар накунанд".
Ӯ гуфт: "Ҳамчунин, ҷиҳати эмин доштани саломатии худ ва наздикон сокинони кишварро лозим аст аз ҳар гуна фаъолият дар кӯҳсор, аз ҷумла, кишту кор, шикор, ҳезумчинӣ ва дигар корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои баҳорӣ ҳар гуна ҳодисаҳо, ба монанди гум кардани роҳ ҳангоми туманнокӣ, фавти одамон ба ҳангоми раъду барқ, афтидан ба ҷуқуриҳо ва ҷариҳо, ҷароҳатбардорӣ ва ё фавт ҳангоми тарма, сел, ярч, сангрезӣ зиёд ба назар мераванд".
Ҷаноби Нозимов ба унвони мисол аз ҳодисаи шаби гузашта дар дар ҷамоати деҳоти "Пули Сангин"-и шаҳри Норак ишора кард, ки Саидов Дӯстмуроди 24 сола ба ҳангоми ҷамъоварии гиёҳи кӯҳӣ аз баландии 300 метр ба поён сарозер шудааст.
Дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар шаҳри Норак тавонистаст соати 1.40 вақти маҳаллӣ ӯро аз ҷуқурӣ берун оварда ва ба бемористон мунтақил кунад. Феълан пизишкон вазъи саломатии Саидов мӯътадил арзёбӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Парвина Саидҷамолова, корманди Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои 16 ва 18 марти соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар борандагии шадид пешбинӣ шуда, то рӯзи якшанбеи 20 март хатари фаромадани тармаю сангреза, болоравии сатҳи оби дарёҳои кӯҳистонӣ ва омадани сел дар манотиқи кӯҳсор вуҷуд дорад.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, субҳи имрӯз 16 март дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб ва ноҳияи Айнӣ резиши тарма рух дода ва дар пайи он равуои мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шудааст.
Як мусофир, ки субҳи имрӯз аз Хуҷанд озими Душанбе шуда буд, зӯҳри 16 март тавассути телефон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар посгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пулис ва кормандони ширкати IRS ба мошинҳо иҷозаи ҳаракатро ба самти ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе намедиҳанд.
Онҳо гуфтаанд, ки дар ду қисмати шоҳроҳи Душанбе-Чанақ тарма фаромада ва ҳоло техника ва коргарони ширкати IRS бо тоза кардани роҳ машғуланд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин роҳ кай боз мешавад.
Маъмулан дар фасли баҳор дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мавориди зиёди резиши тармаю сангрезаҳо ва ҷорӣ шудани селу ярч рух дода ва ин ҳаводис ба талафоти ҷонию хисороти молӣ мунҷар мешавад.
Аз ҷумла, дар моҳи июли соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон 7 нафар ҳалок ва 5 тани дигар беномунишон шуданд. Селу обхезиҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 600 миллион сомонӣ, муодили қариб 100 миллион доллар хисорот ворид кард ва ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи паёмадҳои ҳаводиси табиӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак карда буд.