Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурсияҳои донишгоҳҳои Русия насиби кӣ мешавад?


Ҷараёни супоридани имтиҳон дар яке аз Марказҳои тестӣ
Ҷараёни супоридани имтиҳон дар яке аз Марказҳои тестӣ

Русия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои оливу касбияш 342 бурсия ҷудо кардааст.

Исматулло Шодиев, роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф,рӯзи панҷшанбеи 10 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 342 бурсияи Русия танҳо барои донишгоҳ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ин кишвар ихтисос дода шуда, ҳанӯз шумори квотаҳо барои довталабон дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон эълон нашудааст. Соли гузашта ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистон 685 бурсия ихтисос дод, ки ҳам ба муассисаҳои олии Русия ва ҳам намояндагии ин муассисот дар Тоҷикистон равон шуда буд.

Интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон ва намояндагии илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе ба дӯш доранд.

Ҷаноби Шодиев гуфт, ки Тоҷикистон аз ҷониби Русия он ихтисосҳоеро дархост мекунад, ки барои иқтисоди кишвар зарур аст. Ба таъкиди ӯ, бо назардошти ҳамин дархости ҷониби Тоҷикистон,Русия имсол барои шаҳрвандони кишвар бурсияҳои таҳсил дар соҳаи тиб, риёзӣ ва амнияти иттилоотиро бештар ҷудо кардааст. “Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш гуфта буд, ки танҳо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ӯҳдаи таъмини кишвар бо кадрҳои тибб намебарояд ва ҳоло қариб 6 ҳазор табиб намерасад. Аз ин хотир Русия имсол бо дархости Вазорати маориф ва илмбарои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳоро дар ихтисосҳои тиббро бештар кард”,-афзуд Шодиев.

Исматулло Шодиев
Исматулло Шодиев

Роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф мегӯяд, ҳоло дар тамоми минтақаҳои кишвар нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис ёфтааст. Довталабони тоҷик метавонанд барои ширкат дар озмуни дарёфти бурсияҳо пас аз 19 марти соли равон имтиҳон супоранд. Ӯ гуфт, “барои иштирок дар озмун, албатта донистани забони русӣ зарур аст. Инчунин, вобаста ба ҳар ихтисос довталабон имтиҳонро ба шакли тестӣ месупоранд. Нафаре, ки аз озмун мегузарад, дар донишгоҳҳои Русия ройгон таҳсил мекунад ва вобаста ба сатҳи дониши худ идрорпулӣ мегирад”.

Исматулло Шодиев, раҳбари маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм гуфт, ҳоло Русия бо ихтисоси то ду ҳазор бурсия барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф буда, аксари ҷавонон ҳам барои таҳсил дар хориҷ ба Русияву Белорус ва Ҷумҳурии Чин бартарӣ медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз ҷавонони довталаб ба шаффоф будани раванди имтиҳонот дар Марказҳои тестӣ шакку тардид доранд.

Сӯҳроб Ҳалимов, хатмкунандаи яке аз мактабҳои пойтахт гуфт, аз ҳоло барои шомилшавӣ ба донишгоҳ омодагӣ мегирад ва тасмими идомаи таҳсил дар хориҷ аз кишвар, ба хусус Русияро дорад. Чун падару бародараш он ҷо муҳоҷир ҳастанд ва барои идомаи таҳсил ва зиндагияш дар Русия кӯмак хоҳанд кард. Аммо Сӯҳроб мегӯяд,сару садоҳо дар мавриди ба таври ношаффоф тақсим шудани квота ё бурсияҳои таҳсил дар хориҷро ҳам зиёд шунидааст, “ҳатто ин гап ҳам ҳаст, ки то падарат афроди мансабдор набошад ё ки пул надошта бошӣ квота ба ту намерасад”.

Аммо масъулини Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф мегӯянд,новобаста аз он, ки падару модари ҷавон кӣ аст, ба даст овардани бурсияи таҳсил дар хориҷи кишвар аз худи ҷавон вобаста аст. Солҳои қабл чанд бурсия соҳиби худро пайдо накард.

Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷӣ бештар аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Ва танҳо дар як соли ахир 5 ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд. Аммо як бахши аъзами онҳо баъди хатми таҳсил ба далели набуди ҷои кори муносиб ва маоши хуб дар Тоҷикистон ба ватан барнамегарданд ва кӯшиш мекунанд, дар Русия, Амрико ё Аврупо ҷои кор пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG