Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Пирӯзии “Хайр” бар “Помир” ва мусовии “Регар” бо “Вахш”


Дастаи “Хайр” тими “Помир”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, бозии “Регар-ТадАЗ” - “Вахш” бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ҷараён дорад, рӯзи 3 март бозиҳои гурӯҳи «Б» баргузор шуданд. Дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат тими “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи “Б” «Хайр» бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» якимтиёзӣ гирифтаанд. «Помир» бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад. Бозиҳои даври дувум дар ин гурӯҳ рӯзи шанбе, 5 март, баргузор мешаванд.

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Хайр» – «Помир» – 4:1

Голҳо: Мӯҳсин Парпиев, 3 (1:0). Мӯҳсин Парпиев, 14 (2:0). Орзу Додхудоев, 50 – аз пеналтӣ (2:1). Одил Бобоназаров, 63 (3:1). Мисиам Иносент, 90+1 (4:1).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Далер Шарифов (Ҷамолиддин Оев, 48), Менсаҳ Даниэл Абам, Маҳмадлоиқ Нуриддинов (Баҳодур Шарифов, 68), Мӯҳсин Парпиев (Дилобшо Дилобшоев, 76), Аблей Ҷонс, Яҳё Муборак (Парвиз Ҳамидов, 71), Одил Бобоназаров, Меъморӣ Маним Амир (Мисиам Иносент, 53), Мирзобек Мирзоев.

«Помир» (Душанбе): Рустам Давлатов (Зоиршои Шоимзод, 78), Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Шаҳром Абдуллоев (Манучеҳр Сафаров, 28), Комрони Мирзохон, Шервонӣ Мабатшоев (Фирдавс Ҳакимов, 78), Далер Ёдгоров (Саидмухтор Азимов, 78), Орзу Додхудоев, Ҳувайдо Малиев, Узайл Шарифов, Рамз Амрохонов.

Огоҳонида шуданд: Аблей Ҷонс, Мирзобек Мирзоев, Менсаҳ Даниэл Абам («Хайр»), Далер Ёдгоров («Помир»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

3 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 0:0

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев (Дороб Эргашев, 46), Фарҳод Холбеков, Ҳикматулло Расулов, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Комрон Турсунов (Нуъмон Зокиров, 88), Акуффо Гершон (Содиқ Холбобоев, 80), Меҳроҷиддин Музаффаров, Азиз Бегов (Фирӯз Қараев, 56).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Холмурод Назаров, Улуғбек Абдулхайров, Алексей Неъматов, Бахтиёр Қаландаров, Умедҷон Шарифов, Илҳом Ортиқов (Худойдод Узоқов, 46), Ҷамолиддин Зардиев, Эҳсон Бобоев, Нуъмонҷон Ҳакимов (Фазлиддин Насриддинзода, 80), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуд: Улуғбек Абдулхайров («Вахш»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

3 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хайр» (Ваҳдат)

1

1

0

0

4-1

3

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

0-0

1

3

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

1-4

0

Имрӯз, 4 март, бозиҳои даври дувум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

3–1

3

2

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

2–0

3

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

1–3

0

4

«Саройкамар» (Панҷ)

1

0

0

1

0–2

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»

4 март (ҷумъа)

10:00 – «Саройкамар» – ССКА «Помир»

16:00 – «Хуҷанд» – «Истиқлол»

Гурӯҳи «Б»

5 март (шанбе)

10:00 – «Регар–ТадАЗ» – «Помир»

16:00 – «Хайр» – «Вахш»

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

6 март (якшанбе)

10:00 – «Хуҷанд» – «Саройкамар»

16:00 – «Истиқлол» – ССКА «Помир»

Гурӯҳи «Б»

7 март (душанбе)

10:00 – «Помир» – «Вахш»

16:00 – «Регар–ТадАЗ» – «Хайр»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

9 март (чоршанбе)

10:00 – 1 «А» – 2 «Б»

16:00 – 1 «Б» – 2 «А»

11 март (ҷумъа)

10:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

16:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG