Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довар аз Узбакистон дар бозии Тоҷикистон ва Қирғизистон


Азиз Осимов, довари узбакистонӣ.
Азиз Осимов, довари узбакистонӣ.

Доварони бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Австралия ва Қирғизистон аз Қатару Узбакистон мебошанд.

Доварони ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” таъин гардиданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Фаҳд Ҷаббор Ал-Маррӣ аз Қатар сардовари бозии даври нӯҳуми ин мусобиқот миёни дастаҳои миллии Австралия ва Тоҷикистон, ки рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал»-и шаҳри Аделаида доир мешавад, таъин шудааст. Юсуф Ориф Ал-Шамарӣ аз Қатар ва Муҳаммад Ал-Абакрӣ аз Арабистони Саудӣ доварони марзи майдон мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Чуан Ху Фу аз Сингапур ба зимма дорад. Нозири доварон Азимӣ Бин Абдулло аз Малайзия ва комиссари бозӣ Томохиро Каисе аз Ҷопон таъин шудаанд.

Бозии мунтахаби Тоҷикистонро дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 муқобили мунтахаби Қирғизистон, ки рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 доир хоҳад шуд, доварон аз Узбакистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ Азиз Осимов таъин шудааст. Ба ӯ Руслан Серазитдинов ва Андрей Сапенко кӯмак мекунанд. Ҷасим Муҳаммад Абдулкарим аз Баҳрайн нозири доварон ва Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтааст. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст овардан кофист.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Австралия

6

5

0

1

17-3

15

2.

Урдун

6

4

1

1

12-2

13

3.

Қирғизистон

7

3

2

2

9-8

11

4.

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5.

Бангладеш

7

0

1

6

2-24

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

XS
SM
MD
LG