Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 1 март, бо бозии “Истиқлол” ва “Саройкамар” марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад.

Бар асосии қуръакашии бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 29 феврал дар қароргоҳи ФФТ баргузор шуд, дар даври аввали мусобиқот имрӯз, 1 март, нахуст дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ вориди рақобат мешаванд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар соати 16:00 оғоз меёбад.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот ҳамагӣ ҳашт дастаи беҳтарин – чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон – ширкат меварзад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Саройкамар» (Панҷ), «Истиқлол» ва ССКА «Помир» (ҳарду аз Душанбе) ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Қайроққум» (Қайроққум) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дохиланд.

Дар сабқати гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра бозӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар даври аввал, инчунин, «Хуҷанд» бо ССКА «Помир», «Регар-ТадАЗ» бо «Вахш» ва «Хайр» бо «Қайроққум” рақобат хоҳанд кард. Ин бозиҳо рӯзҳои 2 ва 3 март барпо мегарданд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор хоҳад шуд. Ду бор “Истиқлол”-и Душанбе ва якборӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат Ҷоми ФФТ-ро ба даст оврдаанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Се сол пеш дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Соли 2014-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе севумин барандаи Ҷоми ФФТ гардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Соли гузашта низ “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми ФФТ шуд. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар доир гашт, тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дод.

XS
SM
MD
LG