Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти “Истиқлол” аз “Варда” дар Анталия


Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Варда"
Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Варда"

«Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ аз “Варда”-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, бозии санҷиширо ба тими “Варда”-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 бохт. Ин бозӣ дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 шоми чоршанбеи 3-юми феврал дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, бозигари нави даста Акмал Холматов дар дақиқаи 13-ум ҳисобро боз кард. Вале футболбозони “Варда” дар нимаи дувуми бозӣ (дар дақиқаҳои 51-ум, 75-ум ва 87-ум) ба дарвозаи “Истиқлол” се гол зада, бозиро ба нафъи худ боҳисоби 3:1 анҷом доданд.

Ҳайати "Истиқлол" дар бозӣ бо "Варда" чунин буд:Қурбоналӣ Бобоев (Никола Стошич, 46), Дилшод Восиев (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 77), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 70), Нуриддин Давронов (капитан), Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов (Аҳтам Назаров, 70), Манучеҳр Ҷалилов, Олександр Каблаш (Фаридун Шарифов, 82).

Воқеан, дар ин бозӣ ҳимоятгар Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, легионери эронӣ, ки бошгоҳи “Истиқлол” бо ӯ муҳлати шартномаро тамдид накарда буд, боз дар ҳайати даста ба майдон омад.

“Истиқлол” бозии дигари санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Анталия рӯзи шанбеи 6-уми феврал бо бошгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон анҷом медиҳад. Баъдан «Истиқлол» рӯзи ҷумъаи 12 феврал дар Анталия бо дастаи “Шахтёр»-и Қарағанда, қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон, бозии санҷишӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” дар ҳафт бозии санҷишии имсола шаҳди ғалабаро начашидааст. Душанбегиҳо чаҳор бозиро мусовӣ карда, дар се бозӣ мағлуб гаштаанд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

1. “Истиқлол” – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – 1:2 (7 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ),

2.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (12 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”),

3.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 2:2 (15 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”),

4.“Истиқлол” - “Олмалиқ” (Узбакистон)-1:1 (19 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”),

5.“Истиқлол” - “Нефтчӣ” (Фарғона) - 0:1 (21 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”),

6.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (29 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ),

7.“Истиқлол” – “Варда” (Маҷористон) – 1:3 (3 феврал, Туркия, Анталия).

XS
SM
MD
LG