Пайвандҳои дастрасӣ

Айёми мураккаби Осиёи Марказӣ


Тазоҳуроти гурӯҳи ипотекӣ дар Алма-Ато дар 20 январи соли ҷорӣ

Тазоҳуроти гурӯҳи ипотекӣ дар Алма-Ато дар 20 январи соли ҷорӣ

Ҳанӯз чанд моҳ қабл маълум буд, ки бӯҳрон ногузир Осиёи Марказиро фаро хоҳад гирифт. Аммо рӯшан нест, ки ин марҳила кай ба охир расида, минтақа оқибатҳои буҳронро чигуна рафъ хоҳад кард?

Моҳи аввали соли 2016 баръало нишон дод, ки Осиёи Марказӣ вориди марҳилаи мураккабе шудааст. Аммо рӯшан нест, ин марҳила кай ба поён расида ва минтақа паёмадҳои бӯҳронро чигуна рафъ хоҳад кард?

Муҳаммад Тоҳир, раҳбари бахши туркмании Озодӣ, дар як мизи гирд бо коршиносон ин масоилро ба баҳс кашидааст. Ӯ мегӯяд, ки бахши аслии мушкилоти ҳозираи Осиёи Марказӣ ба коҳиши нархи нафту газ рабт дорад. Ин дар навбати аввал ба Қазоқистон таъсир гузоштааст, ки иқтисодаш бевосита ба содироти нафт бастагӣ дорад.

Алекс Найс, таҳлилгари ширкати таҳқиқотии Economist Intelligence Unit-и Бритониё дар масоили Русия, Кафқоз ва Осиёи Марказӣ мегӯяд: "Ба андешаи ман, соли гузашта ҳукумати Қазоқистон сатҳи рушди иқтисодро 1,5 дарсад пешбинӣ карда буд. Тибқи таҳлили ширкати мо иқтисоди ин кишвар барои аввалин бор баъди соли 1998 коҳиш хоҳад ёфт."

Коҳиши баҳои ашёи хом ба Туркманистон низ, ки иқтисоди он ба фурӯши гази табиӣ вобаста аст, асар гузоштааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи коршиносон, ба далели ғайришаффоф будани Туркманистон пайдо кардани маълумот дар мавриди рӯйдодҳои дохили кишвар тақрибан ғайриимкон аст.

Муҳоҷирони корӣ

Коҳиши арзиши ашёи хом ба Русия низ, ки тӯли солҳои зиёд миллионҳо нафар муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ба ин кишвар мераванд, таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Дар соли 2015 ҳаҷми интиқоли пул якбора поин рафт. Барои Тоҷикистону Қирғизистон пулҳои интиқолӣ бахши умдаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Русия. Маркази муҳоҷират дар Сахаровои вилояти Маскав.

Русия. Маркази муҳоҷират дар Сахаровои вилояти Маскав.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар кишварҳояшон пайдо кардани кор душвор аст, чунин ба назар мерасад, муҳоҷирони корӣ ба манотиқи дигари Русия мераванд. Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, мумкин аст бахше аз муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ барои пайдо кардани кор озими кишварҳои дигар шаванд.

Аммо ба эътиқоди Алекс Найс дар асл муҳоҷирон интихоби камтар доранд. "Ба далели равобити таърихию масоили виза Русия кишвари ҷаззобтар аст. Бо вуҷуди мушкилоти феълӣ барои муҳоҷирон зиндагӣ дар Русия назар ба Ховари Миёна, Аврупо ё Осиё беҳтар аст," -- гуфт ӯ.

Саркӯбии мухолифон

Ҳукуматҳои Қаҳозистон ва Тоҷикистон, ки бо хатари бад шудани вазъи иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, нахуст барои саркӯб кардани мухолифони умда иқдом карданд. Тавре Нейт Шенккан, раиси тарҳи созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Freedom House "Nations in Transit" ва муаллифи мақолаи тозанашри "Вазъи фалокатбор дар Осиёи Марказӣ" таъкид кард, ки соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби расмии исломӣ дар Осиёи Марказиро, ки ду курсиашро дар парлумон аз даст дод, аввал фаъолияташро қатъ карда ва баъдан ба феҳристи созмонҳои тундрав шомил кард.

Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дарига

Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дарига

Ҳамчунин, Нейт Шенккан гуфт, ки саркӯби мухолифон пешбарии аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ба мақомҳое дар ҳукуматро дар пай дошт. Рустами Эмомалии 28-сола Агентии давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасодро раҳбарӣ мекунад. Қаблан ӯ муовини аввали раиси хадамоти гумрук ва узви маҷлиси Душанбе буд. 27 январ Озода Раҳмони 38-сола, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъин шуд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар тӯли солиёни зиёд аъзои хонаводаи худро ба мақомҳои калидӣ дар ҳукумат таъин кардааст. Аз ҷумла, дар моҳи сентябри соли гузашта Дарига, духтари бузурги раисиҷумҳур муовини нахуствазир ва дар охири соли гузашта Самад Абиши 37-сола, аз пайвандони Назарбоев муовини раиси кумитаи амнияти миллӣ таъин шуданд. Саркӯб кардани мухолифону мунаққидон ва мутамаркиз шудани ҳокимият дар дасти наздикон барои элитаи ҳоким амнияти муайянеро таъмин хоҳад кард. Бо ин вуҷуд ҳукумат бояд сиёсати сарфаҷӯии шадидро, ки барои шаҳрвандон нохушоянд аст, рӯи даст бигирад.

Беқурбшавии пулҳои миллӣ

Ҳамаи пулҳои миллии кишварҳои осиёи Марказӣ ба раванди беқурбшавӣ мувоҷеҳ шуданд. Бештар аз ҳама танга, пули миллии Қазоқистон беқурб шуда, дар 6 моҳи ахир арзиши танга дар баробари доллар аз 180 то 360 танга коҳиш ёфт.

Рӯзи 20 январ гурӯҳи ипотекии Қазоқистон дар назди бинои бонкҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Алма-Ато таҷаммӯъ карда, дар робита ба беқурбшавии танга хостори сармоягузории дубора барои қарзҳои долларӣ шуданд.

Дар Қирғизистон бархе соҳибони хонаҳо аз ҳукумат чунин тақозо доранд.

Ҳатто дар Узбакистону Туркманистон, ки тазоҳурот як ҳодисаи нодир маҳсуб мешавад, нишонаҳои лабрез шудани косаи сабри мардум ба мушоҳида мерасад. Дар моҳи апрели соли 2015 200 корманди саноати гози Туркманистон дар шаҳри Лебал дар эътироз ба пардохт нашудани маош тазоҳур карданд.Ин нахустин тазоҳурот дар 20 соли ахир дар Туркманистони худкома маҳсуб мешавад.

Бино ба гузоришҳои расида аз Узбакистон, теъдоди кормандони давлатӣ, ки сари вақт маоиши худро дарёфт намекунанд, дар ҳоли афзоиш будааст. Ҳамчунин, мавориди камбуди пул дар бонкҳо низ ба мушоҳида расидааст.

Дар вақтҳои ахир сокинони Узбакистон ба камбуди бензин дар нуқтаҳои бензинфурӯшӣ ва қатъи доимии гоз чандон таваҷҷӯҳе намекарданд. Аммо шоми 18 декабри соли гузашта ҳудуди 200 сокини яке аз навоҳии шаҳри Фарғона ба нишонаи эътироз ба қатъ шудани интиқоли гоз шоҳроҳи Фарғона-Марғилонро бастанд. Танҳо пас аз додани ваъдаи интиқоли баллонҳои гоз ба ин ноҳия пулису мақомот тавонистанд издиҳомро пароканда кунанд.

Бо ин вуҷуд ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд ин мушкилотро ҳал кунанд, зеро дар бештари ҳолат вазъиятро таҳти назорат надоранд.

Ба гуфтаи Нейт Шенккан, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вазъияти душворе қарор доранд. Зеро дар зарфи солиёни зиёд барои эҷоди тасаввури субот дар зеҳни мардум талош карда, ҳоло барои идомаи ин кор қодир нестанд. Зеро барномаҳои иҷтимоъӣ коҳиш ёфта, маош поин меравад, муддати пардохти маош низ бештар шуда ва дар айни замон сатҳи бекорӣ боло хоҳад рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG