Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол”-и Душанбе дар Туркия ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Душанбе ба мавсими нав омодагӣ мегиранд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 31 январ ба Туркия расид, шоми якшанбе дар Анталия аввалин тамринашро анҷом дод. Дар ин бора ба “Озодӣ” Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, хабар дод. Вай афзуд, “ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия то рӯзи 14 феврал идома хоҳад кард. Дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав дар Туркия баргузории чаҳор бозии санҷишӣ бо тимҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.”

Баъди бозгашт аз Туркия “Истиқлол” дар нахустин даври сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 рӯзи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Ал Файсалӣ”-и Урдун бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 ҳамагӣ 32 даста, ки ба ҳашт гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба плей-офф мебарояд. Дастае, ки дар сабқати гурӯҳӣ ҷойи аввалро мегирад, дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ рақибашро дар хона қабул мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар чунин муҳлатҳо доир мешаванд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 24-25 май, чаҳорякниҳоӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), ниманиҳоӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозии ниҳоӣ бошад, 5 ноябр баргузор мешаванд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016:

Минтақаи «Ғарб»

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ваҳдат» ё «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Ал-Аҳид» (Лубнон), «Олтин Аср» (Туркманистон), ғолиби ҷуфти «Ал-Ҳидд» (Баҳрайн)/«К-Электрик» (Покистон).

Гурӯҳи «В»: «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Ал-Файзалӣ» (Урдун), «Истиқлол» (Тоҷикистон), ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Оруба» (Умон), «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Дҳариа» (Фаластин), «Ал-Ваҳда»/дастаи дувуми Туркманистон.

Гурӯҳи «D»: «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон).

Минтақаи «Шарқ»

Гурӯҳи «E»: «Тампинес Роверс» ё «Уорриорс» (Сингапур), «Селангор» (Малайзия), «Серес» (Филиппин), «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ» (Бангладеш).

Гурӯҳи «F»: «Китчӣ» (Ҳонконг), «Балесте Халса» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Кайя» (Филиппин).

Гурӯҳи «G»: «Моҳун Баган» (Ҳиндустон), «Саут Чайна» (Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» ё «Яданарбон» (Мянмар), «Мазия Спорт» (Молдив).

Гурӯҳи «H»: «Ҷоҳор Дарул Таъзим» ё «Паҳанг» (Малайзия), «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Лао Тойота» (Лаос), «Айеявадӣ» (Мянмар).

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC- дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бошад, дар ҳамин ҳол дар шаҳри Душанбе тамрин мекунад. Футболбозони Хуҷанд дар мавриди пирӯзӣ дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC дар меҳмонӣ бар бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин (9 феврал), дар марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳанд кард. Агар «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёбад, аввалин бозиашро 24 феврал дар меҳмонӣ бо «Ал-Муҳаррак» анҷом медиҳад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) –«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

24 феврал (чоршанбе)

«Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн) – Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Фанҷа» (Умон)

Даври 2-юм

9 март (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Фанҷа» (Умон) – «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн)

Даври 3-юм

16 март (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Фанҷа» (Умон)

«Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

Даври 4-ум

13 апрел (чоршанбе)

«Фанҷа» (Умон) – Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн)

Даври 5-ум

27 апрел (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн)

«Фанҷа» (Умон) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

Даври 6-ум

11 май (чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн) – «Фанҷа» (Умон)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG