Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Земан: Мавҷи паноҳандагон ба Аврупо "ишғоли созмонёфта" аст


Раиси ҷумҳури Чех сарозер шудани мавҷи паноҳандагон ва муҳоҷирон аз Ховари Миёна ба Аврупоро "ишғоли созмонёфта" хондааст.

Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех рӯзи шанбе сарозер шудани мавҷи паноҳандагон ва муҳоҷирон ба Аврупоро "ишғоли созмонёфта" номидааст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, раиси ҷумҳури Чех гуфтааст, "ҷавоне, ки аз Сурия ва Ироқ ба Аврупо меоянд, бояд барои мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" силоҳ ба даст бигиранд."

Вай ки дар маросиме ба муносибати иди Кристмас сухан мегуфт, дар бораи фирори ҷавонон аз Сурия ва Ироқ гуфт, ки рӯ овардани онҳо ба Аврупо, танҳо ба тақвияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" кӯмак мекунад. Ин барои бори аввал нест, ки Милош Земан алайҳи муҳоҷирон ва паноҳандагон чунин мавзеи сахт мегирад.

Аврупо моҳҳои ахир ба мавҷи бузургу бесобиқаи муҳоҷирон аз кишварҳои гирифтори ҷангу ҷидол дар Ховари Миёна, Африқо ва Осиё рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи дипломатҳои Созмони Милали Муттаҳид, низоъ дар Сурия, ки беш аз чаҳор сол боз идома дорад, аз омилҳои асосии афзоиши теъдоди фирориён аст.

Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон ва паноҳандагон ба Аврупо аз як миллион гузаштааст, ки аксари онҳо аз Ироқ, Сурия ва Афғонистон мебошанд. Шумораи аз ҳама бештари паноҳандагон ба Аврупоро, Олмон пазируфтааст.

Вуруди муҳоҷирон ҷомеаи Аврупоро пушти ду сангар қарор дод - дар ҳоле, ки дили мардуми оддӣ ба ҳоли афроди беҷошуда месӯхт, гурӯҳҳои нажодпараст алайҳи “меҳмонони нохонда” намоишҳо доир карданд.

XS
SM
MD
LG