Пайвандҳои дастрасӣ

Се корманди масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Як манбаъ 25 декабр дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфт, ки барканории ин се нафар бо фармони Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сурат гирифтааст.

Мусоҳиби мо афзуд, афроди барканоршуда Самандар Мирзоев - сардори раёсати бехатарӣ, Миралӣ Расулов - сардори раёсати кадрҳо ва Аъзам Шафоатов - корманди бахши фаврии Оҷонсии назорати давлатии молияӣ ва мубориза бо коррупсия будаанд. Манбаъ гуфт, ки барканории се корманди масъули Оҷонсӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ин ниҳод сурат гирифта, вале то ҳол мақомҳои навашон маълум нест. Аммо масъулони дафтари матбуоти Оҷонсӣ низ дар сӯҳбат бо мо ин иттилоъро тасдиқ ё такзиб накарданд.

Дар пайи ба раҳбарии Оҷонсии зидди коррупсия расидани Рустами Эмомалӣ санҷиши кормандони ин ниҳод сурат гирифта, тобистони соли ҷорӣ 56 тани онҳо аз мақомҳояшон барканор гардиданд. Он вақт мақомоти ин ниҳод эълон карднд, ки 40 нафари барканоршудаҳо кормандони бахши ҳуқуқӣ ва 16 нафарашон хидматчиёни назорати молиявӣ будаанд.

Тасмими баргузории аттестатсияи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баъди он гирифта шуд, ки дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ 38 корманди ин муассиса бино бар расидан ба синни бознишастагӣ аз кор озод шуданд. Ин афрод, ки “мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ҷиҳати иҷрои талаботи банди 25-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел кардани хидматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд” аз идомаи хидмат дар ин ниҳод маҳрум шудаанд.

Ба сурати умум дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 400 нафар ва дар дастгоҳи марказии он 150 нафар кор мекунанд. Ба ин тартиб дар ду моҳи охир 94 корманди оҷонсӣ аз вазифа барканор шуданд.

Раҳбарии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро аз рӯзи таъсисаш дар таърихи 10 январи соли 2007 то моҳи июни соли 2009 Шерхон Салимзода (ҳоло – раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон) ва аз соли 2009 то моҳи марти соли ҷорӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб бар ӯҳда дошт.

Аммо дар моҳи марти соли 2015 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон писари 27-солааш Рустами Эмомалиро, ки беш аз як сол раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд, ба ҷои Абдуфаттоҳи Ғоиб раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин кард.

Як моҳ аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон баъди интиқодаш аз фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумла Оҷонсии зидди фасод тамоми муовинони мудири ин муассисаро иваз карда буд. Абдуфаттоҳи Ғоиб билофосила баъди тарки мақом ба ҷои Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG