Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори тоҷик Ёқуби Саид ба таври тасодуфӣ шоҳиди гуфтугӯи як ҷуфти ҷавон дар бораи "баҳохарӣ" дар интиҳонот шуд ва онро рӯи қоғаз овард, ки инҷо бидуни таҳрир нашр мешавад.

Гуфтугӯи ошкорову муфассали як ҷуфти ҷавон дар бораи “баҳохарӣ” намебуд, ман намедонистам, ки ҳоло давраи санҷишу имтиҳонҳои донишгоҳӣ аст. Эҳ, гуфтугӯи он навдомоду наварӯс ба ҷуз аз донистани “баҳои” фалону фалон фан, маро ба ёди изтиробҳои панҷ соли пеш бурд. Замоне, ки ин шабу рӯзҳо мо ҳам барои санҷишу имтиҳонҳо омода мешудем. Ҳамаи дору надорамро медодам, агар ба панҷ соли пеш баргаштан имкон медошт…

Кунун ки имкон надорад, беҳтар аст, ки суҳбати он наварӯсу навдомодро қисса кунам. Маро ба суханчинӣ муттаҳам накунед. Он ҷуфти ҷавон то ҳадде шунавову ошкоро ва бо ҷаззобият суҳбат мекард, ки гӯш надодан ба радду бадалашон ғайримумкин буд.

4 ё 5 рӯзи пеш буд, ки дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ санаме ороста бо либоси арӯсӣ ва баҳодуре пироста бо либоси домодӣ гарми суҳбат буданд. Маълум буд, ки ҳамагӣ чанд рӯз аз маросими арӯсиашон мегузарад. Чун бо меҳрубониву отифа ба ҳам муроҷиат мекарданд, коре ки ҷуфтҳои бособиқа хеле кам мекунанд.

-Ман натонистам “реферат” навишта, вақт нашуд, акнун харидан даркор, - муроҷиат мекунад арӯс ба домод.

-Чанд сомонӣ аст?

- Бист сомонӣ. Боз бист сомонии дигар барои санҷиши муаллими Раҳматов.

- Ман надонам, ки Раҳматоваш кӣ аст, бигир ин 40 сомониро.

- Аз забони хориҷӣ баҳои 3 гирам ё 4? (Воқеан, ҳоло ки танҳо давраи санҷишҳост, чаро ин арӯс барои имтҳон пул гирифт? Муаммо. Домод мисли ин ки донишгоҳӣ набуд, ки ин асрорро намедонист).

-Худат медонӣ, ҷонам.

- Набошад, 40 сомонӣ бидеҳ.

- Қиммат-ку.

-Хайр, баҳои 3 мегирам, сӣ сомонӣ деҳ.

Ва домод низ 30 сомонии дигар ба арӯсаш дод. Азбаски ман дар паҳлӯи ин ҷуфти ҷавон нишаста будам, ғайриихтиёр ин доду ситадро шоҳид мешудам. Дар маҷмуъ, барои баҳои ину он, арӯс аз шавҳараш 100 сомонӣ ситонида буд, ки ман ба манзилу маконам расидам. Гарчӣ хеле мехостам арзиши баҳоҳои дигари он донишҷӯ-арӯсро бидонам ва дар куҷо хонданашро ҳам фаҳмам, вале аз нақлиёт поин шудан заруртар буд.

Ба ҳар сурат, ҳамин қадараш барои ман ошкор шуд, ки арзиши баҳоҳо нисбати панҷ соли пеш андаке гарон шудааст. 5 ва 6 соли пеш мумкин буд, масалан, баҳои 4-и забони хориҷиро ба 30 сомонӣ харид. Агар яклухт мехаридед, мумкин буд аз ин ҳам арзонтар пайдо кардан.

Аммо он замон “реферат” намехариданд. Замона ҳам дигар шудааст.

Кош мешуд ба панҷ соли пеш баргаштан. Ҳоло ин насле, ки дар бораи баҳохарӣ бепарда суҳбат мекунад, панҷ соли баъд ҳамин ҳарфро такрор хоҳад кард: Кош мешуд ба панҷ соли пеш баргаштан…

Ҳамроҳ бо давраи санҷишу имтиҳонҳои донишгоҳӣ дар ватани азизи мо давраи сардӣ ҳасту бебарқӣ ҳасту бекорӣ. Насли донишгоҳии панҷ соли пеш агар ин рӯзро медонист – медонист, ки панҷ соли баъд бекор хоҳад буду аз сардиву торикӣ ҳам худаш ва ҳам фарзанду ҳамсараш ранҷ хоҳад кашид, ҳаргиз баҳохарӣ намекард ва ҳоло ба нисфе аз кишвари мо гармиву рӯшноӣ меовард. Насли донишгоҳии имрӯзӣ агар яқин медонист, ки панҷ соли баъд ба чӣ рӯзу рӯзгоре гирифтор хоҳад буд, баҳохариро дар маҳзари ом ҳаллу фасл намекард ва мо то панҷ соли дигар саросари кишварро бо рӯшноиву гармӣ таъмин мекардем.

Вале ҳама бо ҳам хоҳем гуфт: Кош мешуд ба панҷ соли пеш баргаштан…

PS: Иттифоқан, ду рӯзи пеш дар дохили бонке шоҳиди гуфтугӯи телефонии як духтар бо падари муҳоҷираш будам. Духтар мегуфт:

-Ота, пул ҳоло ҳам нарасидаст. Ҳозир бонк маҳкам мешавад, ман пагоҳ соати 8 имтиҳон дорам. Чӣ хел кунам?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG