Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Душанбе ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Душанбе ба Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 16 то 24 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 24 бозигарро даъват кардааст. Марҳилаи аввали омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2016 то рӯзи 30 декабр идома хоҳад кард. Дар рӯзи охирини ҷамъомад бозии санҷишӣ дар назар аст.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳарду – «Вахш»);

Ҳимоятгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Алишер Шарифов (ҳарсу – «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»), Парвиз Ҳамидов («Хайр»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарду – «Истиқлол»), Фаридун Шарифов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Мӯҳсин Парпиев («Хайр»), Сайёди Ковусшо (ССКА «Помир»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои ҷавонони Латвия, Русия ва Эстония рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова шомиланд.

XS
SM
MD
LG