Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёрати Хонаи Худо ба ҷойи Абуалӣ ибни Сино


Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе
Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе

Саидҷон Нодирӣ, пизишки тоҷик, баъди 40 соли пажӯҳиши зиндагӣ ва осори Абуалӣ ибни Сино, ба ҷои ин донишманди оламшумул адои Ҳаҷҷ намудааст.

Табиби тоҷик Саидҷон Нодирӣ баъд аз солҳо пажӯҳиши зиндагӣ ва осори Абуалӣ ибни Сино моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ҷойи ӯ ба зиёрати Хонаи Худо рафтааст. Ин амали Нодириро дар дини мубини Ислом "ҳаҷҷи бадал" мегӯянд. Ба бовари табиби тоҷик, Абуалӣ ибни Сино аз пуркорӣ ва сарсониҳо натавонистааст, ки дар замони зинда буданаш ин фарзро ба ҷо биоварад.

Саидҷон Нодирӣ 11 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "рости гап, дар 7 тавофи худ гиря карда ва гуфтам, ки агар Сино худаш меомад, ба Худо чӣ роз мегуфт? Ман рози ӯро намедонам. Лекин талаб кардам, ки ин қадар меҳнат карда, бе зану фарзанд дар ғариби дунёро падруд гуфтааст, ҳамин зиёрати ҳаҷро дар номаи аъмоли ӯ бинависад."

Абуалӣ ибни Сино, донишманди бузурги илми тиб на танҳо дар қаламрави кишварҳои форсизабон, балки ҷаҳон аст, ки бо номи Авитсенна низ маъруф мебошад. Худи ӯ дар як шеъраш гуфтааст, ки роҳҳои дармони бемориҳои зиёдеро ба ҷуз аҷал ёфта буд. Вай дар соли 980 дар Бухоро ба дунё омада ва дар 57-солагӣ дар Ҳамадони Эрон даргузаштааст.

Саидҷон Нодирӣ
Саидҷон Нодирӣ

Саидҷон Нодирӣ, раҳбари "Ҷамъияти пайравони Сино” аст ва онро солҳои 1980 бо ҳадафи муттаҳид кардани ҳаммаслакони Сино ва идома додани кори ӯ таъсис додааст. Дар "Ҷамъияти пайравони Сино" имрӯз даҳҳо пизишк аз Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон гирди ҳам омадаанд. Оқои Нодирӣ қабл аз ин, ду дафъа, як бор ба ҳайси роҳбалад ва дафъаи дувум ба нияти зиёрати Хонаи Худо сафар кардааст.

Баъди анҷоми ин фариза, ӯ тасмим гирифт, ки ба ҷои Сино ба зиёрати Каъба равад, то рӯҳи ӯро шод кунад: "Аз рӯҳониён машварат пурсидам. Пеши муфтӣ рафтам, гуфтанд, ки савоб ва қабул бояд бошад.”

Ҳаҷҷи бадал - адои Ҳаҷҷ аз сӯи як мусулмон ба ҷойи мусулмони дигар аст, ки бар асари беморӣ ё далели дигар наметавонад ба зиёрати Каъба биравад. Ҳаҷҷи бадалро асосан дар Тоҷикистон, фарзандон ё ҳамсарон ба ҷойи волидайну наздикони барҷомонда ё фавтидаи худ анҷом медиҳанд. Аммо ба бовари Нодирӣ, Абуалӣ ибни Сино зану фарзанд надошт ва ӯ ба ҳайси як шогирду пайраваш бо маблағи аз фурӯши китоб ба дастовардаи худ ин корро анҷом дод.

Абдулвоҳид Ҳомидов, мутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, ки “ҳаҷҷи бадал, албатта, дар Ислом дуруст аст, ба шарте, ки оҷиз бошад. Аммо баъди ҳаҷҷи бадал он нафар солим шавад, вай бояд худ ҳаҷ кунад. Агар ба ҷои нафари фавтида бошад, ақидаи аҳли суннат аст, ки савоби ин ҳаҷ ва ибодат дар ихтиёри ибодаткунанда аст ва ӯ метавонад онро ба касе бихоҳад бубахшад.”

Саидҷон Нодирӣ, ки иддао дорад, донишманди бузург, Синоро акнун Ҳоҷӣ Абуалӣ ибни Сино кардааст, аз он ифтихор дорад, ки миёни даҳҳо ҳазор пайравону мухлисон, зиёрати Хонаи Худо аз номи устоду роҳнамои табибон маҳз насиби ӯ шуд.

Ҳаҷ барои ҳар фарди мусулмоне, ки тавони молӣ дорад, фарз аст. Ҳар сол аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар ба зиёрат Хонаи Худо меравад. Агар бахше бо зиёрати якдафаина иктифо кунанд, гурӯҳи дигар, барои дарёфти савоби бештар ё ба ҷои афроди дигар, то 2-3 бор тавофи Каъба мекунанд.

Зиёрати хонаи худо ба ҷойи Абуалӣ ибни Сино
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

XS
SM
MD
LG