Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои киштии зериобии Русия дар Сурия


Русия барои нахустин бор бо истифода аз киштии зериобӣ дар Баҳри Миёназамин ҳамлаҳоеро дар Сурия анҷом додааст.

Бо наздик шудан ба замони гирдиҳамоии мухолифони Башор Асад дар Арабистони Саудӣ, Русия мегӯяд, ки барои нахустин бор бо истифода аз киштии зериобӣ дар Баҳри Миёназамин ҳамлаҳое дар Сурия анҷом додааст. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, 8 декабр гуфтааст, ки ҳамлаҳои ахири кишвараш тайи се рӯзи гузашта "300 мавзеи мухталиф"-ро ҳадаф қарор додааст.

Ба қавли Шойгу, ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакҳои партобшуда тавассути киштии зериобӣ "муваффақ буда ва тамоми аҳдоф нобуд шудааст".

Русия аз охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамлаҳояш дар Сурияро оғоз кардааст. Маскав мегӯяд, ки ин ҳамалот алайҳи "Давлати исломӣ" ва "дигар гурӯҳҳои террористӣ" аст. Амрико ва НАТО дар оғози корзори ҳавоии Русия гуфтанд, ҳамлаҳои Маскав алайҳи гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад анҷом шуда, на ба гурӯҳҳои ифротӣ.

Бо ин ҳама гузоришҳо ҳокист, пас аз он ки "Давлати исломӣ” масъулияти бомбагузорӣ дар ҳавопаймои мусофирбари Русияро бар фарози Миср ба ӯҳда гирифт, ҳамалоти артиши он кишвар ба ин гурӯҳ афзоиш пайдо кардааст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи сешанбе гуфтааст, мушакҳои партобшуда аз киштии зериобӣ қобилияти ҳамли кӯлоҳаки ҳастаиро доранд, вале умедвор аст "ҳаргиз ниёзе барои истифода аз онҳо дар ҷанг бо терроризм набошад".

Ҳамлаҳои тозаи Русия дар Сурия дар ҳоле сурат гирифта, ки гурӯҳе аз мухолифони Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар, дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ гирдиҳам омадаанд, то дар маврди ташкили як ҷанбаи муттаҳид барои гуфтугӯҳои эҳтимолӣ бо давлати марказии Сурия музокира кунанд. Интизор меравад, даври тозае аз музокироти байналмилалӣ дар мавриди бӯҳрони Сурия дар аввалҳои соли оянда анҷом шавад.

Вашингтон ибрози умедворӣ кардааст, ки нишасти мухолифони Асад дар Риёз “гоми муҳим барои эҷоди фурсати музокира зери назари Созмони Милал ва барои як гузори сиёсӣ бошад”. Талошҳои пешин барои эҷоди ҷанбаи муттаҳид аз гурӯҳҳои мухолифони Асад, ки дар радаи "Давлати исломӣ" ё Ҷабҳат-ун-Нусра қарор намегиранд, фарҷоме надоштааст.

XS
SM
MD
LG