Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Кундуз мегӯянд, ки пули «Дӯстӣ” миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бар асари зилзилаи ахир, осеб дидааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки сутуни дувуми пули "Дӯстӣ" ки он кишварро бо Тоҷикистон мепайвандад, аз тарафи Шерхон Бандар, бар асари зилзилаи рӯзи 7-уми декабр дарз хӯрдааст.

Шаҳобиддин Бовар, раиси гумруки Шерхон Бандар рӯзи 9 декабр дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки агар дар тармими он талоши сареъ сурат нагирад, нуқтаи иттисоли Тоҷикистон ва Афғонистон тариқи ин гузаргоҳ ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд. Оқои Бовар гуфт, ки онҳо дар ин робита гузорише таҳия намуда ва ба Кобул ирсол доштаанд

Раиси гумруки Шерхон ҳамзамон гуфт, ки рафтуомад ва боркашонӣ аз тариқи ин пул ҳоло ба таври мӯътадил идома дорад ва дар ин росто ҳеҷ мушкилоте дар миён нест. Вай ҳамзамон афзуд, ки тармими ин қисмати пул, ки осеб дидааст, ба дӯши ҳукумати Афғонистон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки Маҳмадулло Батош, вазири нақлиёт ва ҳавонавардии он кишвар, ки барои баррасӣ ва вазъияти фаъолиятҳои тиҷоратӣ ба ин бандар омадааст, гуфтааст, ки пул садама дида ва барои тармим ва бозсозии он, ба вазорати фавоиди оммаи пешниҳод мекунад, то дар бартараф кардани ин мушкил мусоидат намоянд.

Ҷониби Тоҷикистон аз осеб дидани пули "Дӯстӣ" бехабарӣ кард. Як масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 9 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз осеб дидани пули “Дӯстӣ” дар Панҷи Поён ва Шерхон Бандар, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, ба онҳо хабаре нарасидааст.

Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бар фарози дарёи Ому бунёд шуда ва дар соли 2008 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он бо 37 миллион доллар сармояи Амрико сохта шудааст. Ин пул яке аз нуқтаҳои калидии транзитии Афғонистон ва Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Тоҷирони тоҷику афғон умдатан аз ҳамин гузаргоҳ бору колои худро интиқол медиҳанд.

Чанд рӯз қабл масъулони гумруки Шерхон Бандар дар вилояти Кундузи Афғонистон, аз коҳиши даромадҳои ин гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон хабар додаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар ду моҳи ахир ва дар пайи суқути шаҳри Кундуз ба дасти Толибон, даромадҳои ин гумрук коҳиши чашмгире доштааст. Субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир аз се ҷониб вориди шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон шуданд. Нерӯҳои афғон танҳо чанд рӯз баъд, ин шаҳрро аз дасти Толибон озод карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG