Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷаро миёни Туркияву Русия, аз нигоҳи баъзе таҳлилгарон, дар чаҳорчӯби низои нави мазҳабӣ миёни Туркия ва Эрон аст, ки ду сол пеш шурӯъ шудааст.

Нерӯҳои махсуси Русияву Сурия шоми чаҳоршанбе як халлабони ҳампаймои суқуткардаи СУ-24-ро ба ҷойи амн интиқол доданд. Ҳавопаймои низомии Русия рӯзи сешанбе дар марзи миёни Туркияву Сурия аз мушаки ҳавопаймои ҷангии Туркия суқут кард. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки кишвараш хостори шиддат гирифтани авзоъ дар робита ба ин қазия нест. Аммо Русия ба тақвияти ҳузури низомияш дар Сурия оғоз кард ва гуфт, ки ба Сурия маҷмааи муосири зиддимушакӣ мефиристад.

...Яке аз ду халабонҳои ҳавопаймои СУ-24 наҷот ёфта ва айни ҳол дар пойгоҳи низомии Русия таҳти муроқибати табибон қарор дорад. Ба гуфтаи вазири дифои Русия Сергей Шойгу, амалиёти наҷот ва интиқоли ӯ ба пойгоҳ 12 соат идома кард. Халабонеро, ки ҳалокаташ тайид шуд, Владимир Путин бо ситораи Қаҳрамони Русия қадрдонӣ кард.

Раҷаб Тайид Эрдуғон

Раҷаб Тайид Эрдуғон

Туркия пойфишорӣ доранд, ки низомиёнаш аз марзҳои кишвар дифоъ кардаанд. «Мо нияти ташдиди авзоъро надорем, мо фақат ба дифоъ аз амнияти худу ҳуқуқҳои бародарҳоямон бархостем", гуфт Раҷаб Тайиб Эрдуғон. ​Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ҳавопаймои СУ-24 дар ҳарими ҳавоии Туркия буд ва баъд аз зарбаи мушакӣ дар қаламрави Сурия суқут кард. Баъзе аз пораҳои ҳавопаймо дар хоки Туркия афтода ду нафарро маҷрӯҳ карданд.

Маскав, дар навбати худ, бо пахши изҳороти шадидуллаҳн дар баробари Туркия гуфт, ки ба тақвияти нерӯҳо дар Сурия идома медиҳад. "Баъд аз ҳодисаи дирӯза мо имкони такрори ин гуна ҳамларо байид намедонем ва агар онҳо рӯй диҳанд, мо бояд ба гунае ба онҳо вокуниш кунем", изҳор намуд Владимир Путин. Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини амнияти ҳавопаймоҳо ба пойгоҳи "Хмеймим" маҷмааи зиддимушакии С-300 фиристода мешавад. .

Маҷмааи зиддимушакии С-400

Маҷмааи зиддимушакии С-400

Гуфта мешавад, ҳамла ба ҳавопаймои низомии Русия аз сӯи як кишвари узви НАТО - ҳодисаи гӯшношунид дар таърихи муқивимати Русия ва Паймони Атлантикаи Шимол аст. Ҳатто дар мушкилтарин давраҳои «ҷанги сард» ин гуна ҳодиса ба вуқӯъ напайваста буд.

Баъд аз ин ҳодиса Паймони НАТО бо дархости Туркия нишасти фаврӣ доир кард ва дар он фақат иттилои ироакардаи Анкара баррасӣ шуд. Баъд аз нишасти Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг мавқеъи расмии Паймонро эълом дошт. “Иттилои ироакардаи Анкара моро мутмаин сохт, ки ҳавопаймои русӣ воқеъан ҳам ҳарими ҳавоии кишварро халалдор карда буд ва бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор фазои Туркияро тарк накард. Ҳамзамон бо ин мо аз ҷонибҳо даъват мекунем, ки аз хирад ва сабурӣ кор бигиранд ва аз гомҳое, ки метавонанд боиси ташдиди авзоъ шаванд, худдорӣ кунанд. Мо ҳамчунин ба эҳёи гуфтушунидҳо миёни Русияву Туркия умедворем”, изҳор намуд Столтенберг. Гуфтушунидҳо байни Маскаву Анкара баъд аз он қатъ шуданд, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров сафараш ба Туркияро лағв кард.

Йенс Столтенберг

Йенс Столтенберг

Аз ин пеш низомиёни НАТО аз вуруди ҳавопаймоҳои русӣ ба ҳарими ҳавоии Туркия интиқод карда ҳушдор доданд, ки Маскав "бо оташ бозӣ мекунад". Мақомоти низомии Туркия низ ба ин амалҳои Русия эътироз карда буданд. Артиши Туркия рӯзи 16 ноябр як ҳавопаймои бесарнишинро дар наздикии марз бо Сурия вожгун кардааст. Телевизиони Си Эн Эн Турк гузориш дод, ки ҳавопаймои сохти Русияро дар наздикии шаҳри Килис дар 3 километрии марзи Сурия ва 90 километр дуртар аз шаҳри Ҳалаб нобуд кардаанд. Аммо Маскав соҳиби ин ҳавопаймо буданашро рад карда ва ба хотири ҷилавгирӣ аз амиқравии низоъ як ҳайаташро ба Туркия фиристода буд.

Шабакаи телевизионии амрикоии CBS дар гузоришаш таъкид кард, ки рафтори Русия, бидуни шубҳа, мушкилзо аст. Аммо дар қазияи суқути СУ-24 Вошингтон ғайрирасмӣ Туркияро масъул мешуморад, зеро барои ҳамагӣ чанд сония дар ҳарими ҳавоияш пайдо шудани ҳавопаймои русӣ онро нобуд сохтааст.

Ҳамзамон расонаҳои амрикоӣ аз он тааҷуб мекунанд, ки чаро ин гуна ҳодиса аз ин пеш рӯй надод. Ба навиштаи онҳо, вазъи дар Сурия ба вуқуъпайваста хело чигил ва мавҳум аст – Эътилофи таҳти фармони ИМА хостори аз байн бурдани Башор Асад аст, аммо бо артиши Сурия намеҷангад. Вошингтон ва Маскав, ҳарчанд дар бораи ҷилавгирӣ аз бархӯрдҳо дар фазо созиш ҳосил намуданд, ба ин созиш ҳампаймонҳои худро шомил накардаанд. Ҳамзамон ИМА барои ҷойгир кардани ҳавопаймоҳои F-15С, дар пойгоҳи ҳавоии “Инҷирлик” иҷоза гирифт, ҳавопаймоҳое, ки на барои бомборони ҳадафҳо дар замин, балки барои ҷангҳо дар фазо пешбинӣ шудаанд. Тасмим дар ин бора дар посух ба ҷойгиршавии ҳамин гуна ҳавопаймоҳои русӣ дар Сурия гирифта шуда буд.

Эдвард Лютвак

Эдвард Лютвак

Эдвард Лютвак, коршиноси маъруфи низомӣ мегӯяд, Владимир Путин дар низоъи ҳазорсолаи сунниҳову шиъаҳо тарафи пайравони Алиро гирифт. Туркияи имрӯз бошад на ба давлати аврупоӣ, балки бештар ба як кишвари исломии мардумаш суннимазҳаб табдил мешавад. Аз ин рӯ, низои миёни Анкара ва Димишқ аслан на стратегӣ, балки бештар идеологӣ ва мазҳабист, зеро Башор Асад намояндаи алавиҳо, як шохаи мазҳаби шиа аст. Ва ӯ аз пуштибонии Эрон, як кишвари шиамазҳаб, ҳам бархӯрдор мебошад. Ва моҷарое, ки байни Туркия ва Русия рӯй дод, аз нигоҳи ман, дар чаҳорчӯби низои нави мазҳабӣ миёни Туркия ва Эрон аст, ки ду сол пеш шурӯъ шуд, мегӯяд Эдвард Лютвак. Дар асл ин низоъ ҳанӯз қарни 17 оғоз ёфта буд, меафзояд ӯ.

Коршинос изҳори умедворӣ мекунад, ки Путин дар оянда вориди ин низои хунбор нахоҳад шуд. Ба ин хотир, ӯ бояд ба интиқоли ҳукумати Башор Асад аз Димишқ ба минтақаи Лозиқия мусоидат кунад, ки аз шимоли Лубнон бо марзҳои ҷанубии Туркия доман мекашад. Ба Лозиқия Қибрис, як кишвари дӯсти Русия ва бархӯрдор аз пуштибонии Юнон ҳам наздик аст. Дар шимолтар бошад нимҷазираи Қрим бо пойгоҳҳои низомии Русия ҷойгир шудааст. Фақат ба ин васила, мутмаин аст Эдвард Лютвак, Русия ва ҳампаймонҳояш аз низои хунини миёни сунниҳову шиаҳо худро канор бикашанд...

Ва аммо сокинони Русия дар бораи ҳаводиси ахир ва вокуниши кишварашон ба қазияи вожгун шудани ҳавопаймои низомии СУ-24 чӣ назар доранд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG