Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бо Австралия дар Аделаида бозӣ мекунад


Лаҳзае аз бозии тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Австралия дар Душанбе. Моҳи сентябри 2015

Лаҳзае аз бозии тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Австралия дар Душанбе. Моҳи сентябри 2015

​Мунтахаби Австралия бо тими миллии Тоҷикистон 24 марти соли оянда дар шаҳри Аделаида бозӣ мекунад.

Бозии даври нӯҳуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби футболи Австралия ва Тоҷикистон 24 марти соли оянда дар шаҳри Аделаида (Австралияи ҷанубӣ) баргузор мешавад.

Чунонки хабаргузориҳои австралиягӣ иттилоъ додаанд, бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Аделаида-Овал», ки ғунҷоишаш 53 ҳазор тамошогар аст, барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтааст. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст оврдан кофист.

Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Австралия

6

5

0

1

17-3

15

2.

Урдун

6

4

1

1

12-2

13

3.

Қирғизистон

7

3

2

2

9-8

11

4.

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5.

Бангладеш

7

0

1

6

2-24

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум:

Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG