Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши варзишгарон бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ


​Рӯзи 23 ноябр дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамоиши беҳтарин варзишгарон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ баргузор шуд.

Дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳа бо номи “Варзишгарон парчамбардорони давлату миллат” доир шуд.

Дар ин ҳамоиш нахуст Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрик гуфт. Вай афзуд, “Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст ва барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқотҳо анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад. Аз ин рӯ варзишгарон парчамбардорони давлату миллат маҳсуб мешаванд.”

Баъдан раиси дастгоҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Парчамбардорон "Рӯзи парчам"-ро таҷлил карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Дар ин ҳамоиш муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева суханронӣ карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои баланд бардоштани Парчами миллии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳораташро ба харҷ медиҳад.

Дар арафаи Рӯзи Парчами миллӣ паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш ба натиҷаҳои баланд ноил шуданд. Акмалиддин Каримов, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, аз ин дастоварди худ изҳори хушҳолӣ кард.

Хуршед Маҷидов, варзишгари ҷавони тоҷик, барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон байни ҷавонон ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ гаштааст.

Варзишгарони тоҷик, ки парчамбардорони давлату миллатанд, дар айни ҳол барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. То имрӯз танҳо як варзишгари тоҷик – гурзандоз Дилшод Назаров соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 гардидааст.

Дар ин ҳамоиш, инчунин, муаррифии китоби нави “Эмомалӣ Раҳмон:Саломатии миллат сарвати бебаҳост” доир шуд. Муаллифи ин китоб Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, дар бораи китоби нав маълумот дод.

Вай гуфт, “дар ин китоб суханрониҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба варзиш зимни мулоқоташ бо сокинони ҳамаи манотиқи кишвар, ҷавонони мамлакат, беҳтарин варзишгарону мураббиён ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии варзишӣ, инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳову барномаҳои Ҳукумати кишвар, ки фаъолияти соҳаи варзишро ба танзим медароранд, гирд оварда шудааст. Инчунин дар ин китоб дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва сохтмону азнавсозии иншоотҳои варзишӣ дар кишвар дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муфассал иттилоъ дода мешавад.”

Аз номи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва сарпарасти кулли КМО – Ширкати “Ғаюр” - ба ширкаткунандагони ҳамоиш китоби нави “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” тақдим гардид.

XS
SM
MD
LG